Собиқ муовини вазири нақлиёт барои ришвагирӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Дар Қирғизистон ахиран ҳукми собиқ муовини вазири нақлиёти ин кишвар дар робита ба ришваситонӣ эълон гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек собиқ муовини вазири нақлиёт Азимхон Жусуболиевро барои гирифтани ришва айбдор дониста ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Муовини мудири литсеи политехникӣ, дипломро 7 ҳазор сомонӣ нарх гузоштааст

Гумонбари дуввуми парванда Болот Токтобоев, ки дар ин ҷиноят нақши миёнаравро дошт, 6 сол зиндонӣ шудаст.

Раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Ҳамчунин додгоҳ гумонбари саввум Беҳрӯз Гулрӯзро низ айбдор дониста ба мӯҳлати 2 сол равонаи зиндонг намуд.

Бар хабари дафтари матбуоти Додгоҳи кулли Қирғизистон ҳукми ин се нафар айбдоршавандаҳо дирӯз, 30-юми июл  эълон гардид.

Минбаъд ришваситонҳоро дар Тоҷикистон танҳо зиндон интизор аст

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳанӯз 6–уми декабри соли 2018 аз боздошти Жусуболиев хабар дода, гуфт, муовини вазири нақлиёти ин кишвар барои додани хулосаи мусбат ба як ширкати хориҷӣ дар робита ба сохтмони роҳи мошингард 520 ҳазор доллар пора талаб кардааст.