ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Бино бар гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, имрӯз дар Душанбе Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Син, Австралия Грейм Михан ва Эфиопия Гирма Темесген Баркесса нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супориданд.
Тавре манбаъ қайд намуд, Хусрав Нозирӣ дар рафти мулоқот бо Сафири навтаъини Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон табодули назар намуданд.
Сафири нави Покистон ба Душанбе омад
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Ҳиндустон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.
Сафири нави Қазоқистон эътимодномаашро ба Саидзода Зоҳир супорид
Дар мулоқот бо Сафири Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грейм Михан ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Австралияро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гирма Темесген Баркесса дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эфиопия дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.