ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Имрӯз, 30 вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Русия Толиб Баротов дидору мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар Оренбург ва нақшаи чорабиниҳои муштарак суҳбат намудаанд.
Толиб Баротов иттилоъ додааст, ки бо ташаббуси маркази фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбург, алҳол дар шаҳри Оренбург сохтмони Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон оғоз гардида, муассиса солҳои 2020-2021 ба истифода дода мешавад.
"Мақсад аз ташкили осорхонаи мазкур тарғиби фарҳанги тоҷикон аст, то тоҷикони муқими Оренбург аз таърихи ниёгон, адабиёт, илм ва санъату ҳунари аҷдодӣ огоҳ ва бархурдор бошад", - гуфтааст Толиб Баротов.
"Мо аз Помир омадем...": ҷашнвораи фарҳанги Тоҷикистону Русия дар Маскав
Гуфта мешавад, ки осорхонаи мазкур маҷмаа буда, он аз китобхона бо адабиёти шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, толори санъати тасвирии инъикоскунандаи табиати Тоҷикистон, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор ва нигораҳои таърихӣ иборат аст.
Ҳамчунин ин ҷо либоси миллӣ, хонаҳои тоҷикӣ ва меҳмонхонаи тоҷикӣ, ки бо усули кандакории миллии тоҷикӣ оро дода шудааст, ҷой дода мешаванд.
Инчунин дар маҷмаа ошхонаи тоҷикӣ бо таомҳои миллӣ фаъолият мекунад.
Маркази худмухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Русия соли 2012 ба фаъолият шурӯъ карда, соҳиби газетаи худ бо номи "Согдиана" аст, ки қаблан бо номи "Паёми Оренбург" нашр мешуд.
Инчунин ҷилди аввал ва дуюми китоби "Таджики в Оренбурге" (Тоҷикон дар Оренбург) ба табъ расида, алҳол нашри ҷилди сеюми китоби мазкур дар назар аст.
Боиси зикр аст, ки аз соли 1993 инҷониб шаҳри Оренбург бо шаҳри Хуҷанд расман шаҳрҳои бародар эътироф гардидаанд. Алҳол дар вилояти Оренбург 12 000 тоҷик сокини муқимӣ буда, ҳамасола 6000 нафар тоҷик дар ин вилоят бо меҳнати мавсимӣ фаро гирифта мешаванд.