Муборак: ҷудочии навраси тоҷик қаҳрамони Осиё шуд

Паҳлавони навраси тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар Қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, сазовори медали тилло шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Қаҳрамонии Осиё миёни наврасон оид ба ҷудо  рӯзҳои 27-28 июл  дар  шаҳри Тайпейи Чин баргузор шудааст.

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба гузориши манбаъ, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг дар даври аввал озод буда, сипас дар даври ¼-ниҳоӣ варзишгари Австралия Даннӣ Воҷникевичро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромадааст.

"Ғаниев дар даври нимниҳоӣ бар варзишгари мизбон Чин-Лианг Чу ва дар даври ниҳоӣ бар намояндаи Қазоқистон Серикбол Йестай дастболо шуда соҳиби нишони тиллоӣ ва мақоми аввали сабқат гардид", - омадааст дар хабарнома.

Хушқадам Хусравов – қаҳрамони нави дзюдои Тоҷикистон

Манбаъ афзуда, ки Ғаниҷон соли гузашта дар Қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Лубнон сазовори медали биринҷӣ шуд.

Паҳлавони дигари навраси тоҷик Мансур Раҳмон дар вазни -90 кг сазовори медали биринҷӣ гардидааст. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Нурасил Болат дастболо шудааст.

Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  дар маҷмӯъ соҳиби се медал – як тилло ва ду биринҷӣ гардидааст. Ду варзишгари дигар, Ҳайдаршо Мирзомуддинов дар вазни -73 кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +90 дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Ёдовар мешавем, ки  варзишгарбонуи тоҷик Аҳлия Муъминова 27 июл дар ин мусобиқа дар вазни -52 кг миёни духтарон  сазовори медали биринҷӣ гардида буд.

Дар Қаҳрамонии мазкур  159 нафар варзишгар (94 писар, 65 духтар) аз 17 давлати қораҳои Осиё ва Уқёнус иштирок карданд.