Кормандони милиса духтараки 9-соларо баста ба кати хоб дарёфтанд - акс

Муайян шудааст, ки кӯдак ҳамроҳи бибии 69-солааш зиндагӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар паи баргузории амалиёти вижаи "Наврас", кормандони мақомоти қудратӣ дар яке аз манзилҳои деҳаи Тош-Бобои Қирғизистон, духтаракро баста ба кати хоб дарёфтаанд.

Кормандони милиса духтараки 9-соларо баста ба кати хоб дарёфтанд - акс

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба ВКД дар вилояти Чуй хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 26 июл, ба мақсади огоҳ шудан аз аҳволи оилаҳои камбизоат, кормандони мақомоти қудратӣ, амалиёти вижа баргузор кардаанд.

Дар яке аз манзилҳо, кормандони милиса, духтаракеро ёфтаанд, ки дастонаш ба кати хоб баста шудааст. Маълум шудааст, ки ӯ ҳамроҳи бибии 69-солааш ба сар мебарад.

Кормандони милиса духтараки 9-соларо баста ба кати хоб дарёфтанд - акс

"Бибӣ фаҳмонидааст, ки модари 41-солаи ин духтарак барои кор ба шаҳри Бишкек рафтааст ва то кунун аз ӯ хабаре нест. Чун духтарак ба гапи модаркалонаш гӯш намекардааст, бибияш ба набераи дигараш (соли тавваллуди 2005), фармуда, ки дастонашро ба кати хоб бибандад. Ҳамчунин муайян шудааст, ки падари духтарак дар ҳаштсолагиаш аз дунё гузаштааст", - омадааст дар хабарнома.

Кормандони милиса духтараки 9-соларо баста ба кати хоб дарёфтанд - акс

Дар ин росто духтараки 9-соларо ба муҳлати ним сол ба Маркази ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Бишкек, ҷой доданд.