ВУД: дар ду садамаи маргбор ду нафар ҷон бохтанд

Дар роҳҳои Тоҷикистон ахиран ду садамаи маргборе рух додаст, ки боиси ба ҳалокат расидани ду нафар гардидаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикситон хабар додааст, садамаи маргбор дирӯз дар ҳудуди деҳаи Зардолудашти ноҳияи Балҷувон рух додааст.

Садамаи маргбор: ҳамсари ронанда ба ҳалокат расид

Бино бар иттилои манбаъ, ронандаи  автомашинаи тамғаи "Дэу-Сиело", Оятуллои Ҷамшеди 29- сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Восеъ, дар роҳи автомобилгарди "Восеъ-Ховалинг", наздикии деҳаи Зардолудашти ноҳияи Балҷувон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол, Ҳамидов Маҳмадшарифи 6- сола, сокини деҳаи Лавоваи ноҳияи Ховалингро пахш намудааст. 

Садамаи пурқурбонӣ: “Хундай-голопер” бо мусофиронаш ба Панҷ чаппа шуд

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи ноӯҳдабаро дар ноҳияи Хуросон ду пиёдагардро пахш кард

Иинчунин тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июли соли равон, тахминан соати 21:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Зарабеков Авазбеки 48- сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Риссавхоз, дар рӯ ба рӯӣ деҳаи Фалакон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Хоҷамбердиев Азизуллои 41- сола, сокини ноҳияи Темурмаликро пахш намудааст. 

Манбаъ зикр намудаст, ки дар натиҷа  натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Ронандаи "ГАЗ-53" дар ноҳияи Шуғнон ронандаи "Старекс"-ро пахш намуд

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар таҳқиқи ҳодисаҳоро давом доранд.