Беҳтарин падар: чӣ гуна гурба аз гурбачаҳо муроқибат мекунад - видео

Корбарони интернетро наворе ба ҳайрат овард, ки дар он гурбае бо меҳри модарӣ гургачаҳо ва сагчаҳоро нигоҳубин мекунад
Sputnik

Гурба бо лақаби Runt-14 сол дорад ва бо меҳри бузург гурбачаҳои аз берун ёфтаро нигоҳубин мекунад.

Ҳар боре, ки соҳибони хона гурбаи бехонаро назди Runt меоранд, ӯ бо меҳрубонӣ, ҷонварро оғӯш кашида, ба хонавода қабул мекунад.

Фил духтари суратгирро шаппотӣ зад - видео

"Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ бо саг шинӣ...": тӯтӣ худро саг мешуморад - видеои хандаовар

Дар навор ӯ гурбача-Dolly-ро, ки соҳибхона аз дохили мошини боркаш ёфтааст, дақиқае ҳам бе муроқибат намегузорад.

Дар баробари ин муаллифи навор қайд мекунад, ки ӯ барои гурбачаҳои аз берун овардашуда, чун падари ҳақиқӣ аст.

Саг хирсро талхакаф кард - видео

Зиёда аз ин муҳаббати ин гурба ба сагчаҳо низ, ки дар гирди атрофи ӯ ҷамъ мешаванд, мерасад.

Худи Runt низ аввал бехона буд, то замоне, ки соҳибони кунуниаш ӯро ёфтанду ба манзили худ роҳ доданд.