Навори бозгашти Отамбоев ба Қирғизистон - видео

Алмосбек Отамбоев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон 25 июл баъди мулоқоташ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия тахминан соати 18:40 ба фурудгоҳи низомии Кант баргашт
Sputnik

Отамбоев дар роҳ аз фурудгоҳ аз мошин пиёда шуда, бо рӯзноманигорон суҳбат кард. Ӯ ба суол, ки оё барои бозпурсӣ ҳозир мешавад, посух дод, ки барои ин бояд мақомот худашон ба доираи амали қонун баргарданд.

Отамбоев дар Кремл бо Путин мулоқот намуд

Ба суол, ки оё тибқи тавсияи Путин бо Жээнбеков муттаҳид мешавад, посух дод, ки “замони муттаҳидшавӣ гузашт”.

Ӯ гуфтааст, ки бо Путин ҳамчун собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон мулоқот карда, назарашро баён доштааст. Отамбоев таъкид кардааст, ки Путин на танҳо президент, балки дӯсташ мебошад.

“Бо Путин суҳбат доштам ва ҳамчун собиқ раисиҷумҳур дидгоҳамро фаҳмондам. Ӯ на танҳо президент, балки дӯсти ман аст. Ӯ махсус ҳавопаймо фиристод ва даъват кард. Ҳиҷолат мекашидам, агар парвоз намекардам, ин аз рӯи одамгарӣ намебуд. Владимир Владимирович аз ояндаи Қирғизистон нигарон аст ва мегӯяд, ки инқилоби сеюм лозим нест. Ман ба ӯ гуфтам, ки ду инқилобро дидаам ва медонам, ки инқилобҳоро ҳукумат мекунанд, он мардумро ба ин ҳолат мерасонад”, - хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли Отамбоев.

Зимни суҳбат собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон изҳор доштааст, ки хароҷоти парвозҳояшро ба Маскав ҷониби Русия ба уҳда гирифтааст. Ӯ сипас аз Кант ба маҳалли истиқоматаш дар Кой-Тош зери назари муҳофизон ва ҷонибдоронаш рафтааст.