Тими ҳандболи Душанбе дар Хоруғ пирӯз шуд

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳандбол миёни ҷавонон - “U-22” дар шаҳри Хоруғ бо пирӯзии дастаи Душанбе ба анҷом расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бахшида ба Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 2019-2021 аз рӯзи 20 июл то 23 июл ҷараён дошт.

Қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи ҳандбол муайян шуд

Манбаъ афзуд, ки қувваозмоиҳо дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо иштироки 5 даста – Душанбе, ВМКБ, Хатлон-1, Хатлон-2 ва Суғд баргузор гардид.

Кумитаи миллии олимпӣ аз қавли Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ додаст, ки дастаҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр бо ҳам бозӣ карданд ва дар натиҷа, дастаи Душанбе ғолиби мусобиқа гардид. Дастаҳои ҳандболи ВМКБ ҷои дуюм ва Хатлон-2 ҷои сеюмро сазовор гаштанд.

Ба иттилои Кумита, ғолибон бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.