ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Камолзода Зикрулло, ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада дар ҳудуди деҳаи Коммунизми ноҳияи Хуросон ду пиёдагардро пахш намудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур 22- юми июли соли равон тахминан соати 11:40 дақиқа рух додаст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Митсубиси-Монтеро", Камолзода Зикруллои 20- сола, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ,ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Коммунизми ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардон: Қодирова Ойсоат Умбетовнаи 53- сола ва хурдсол Қодирова Мадинаи 4-сола, сокинони деҳаи Коммунизмро пахш намудааст",- таъкид намудааст Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Зимнан манбаъ қайд намудаст, ки дар натиҷа, Қодирова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Хурдсол, Қодирова Мадина ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
ВУД: дар ду садамаи нақлиётӣ, ронанда ва мусофир ҷон доданд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зикр намудааст, ки айни замон ҳодискаи мазкур аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор дорад.