Қаҳрамонии Осиё: варзишгари тоҷик сазовори мақоми намоён шуд

Варзишгари тоҷик бар варзишгарони Кувайт ва Афғонистон ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Эрон, шикаст хурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов варзишгари тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон. 

Муниса Ойматова дар мусобиқаи Ҷоми Кумингёнг медали тилло гирифт
Бар хабари манбаъ, Қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондои ҷаҳонӣ  миёни ҷавонон, 21-22 июл дар пойтахти Урдун – шаҳри Оммон баргузор шуд. Дар мусобиқа 331 варзишгар аз 31 давлат иштирок карданд ва дар 20 категорияи вазнӣ рақобат намуданд.

Муҳаммадҳасан дар вазни 73 килограм бар варзишгарони Кувайт (Абдулмуҳсин Алалӣ) ва Афғонистон (Рашид Сарварӣ) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Эрон Амирҳусейн Баҳрободӣ, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хурд ва ҷои сеюмро ишғол намуд.

Таеквандочиёни тоҷик аз Узбакистон 19 медал оварданд

Медали нуқраи вазни 73- килограмро Си-Вон Лӣ аз Корея ва медали дигари биринҷиро варзишгари қазоқистонӣ Абдураҳмон Марипов ба даст оварданд.

Мунтахаби таеквандои Тоҷикистон ба Кореяи ҷанубӣ сафарбар карда шуд
Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондои Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, ин аввалин медали варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон мебошад.  

Ду варзишгари дигари Тоҷикистон – Лутфулло Алишон  ва Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.

Маврид ба зикр аст, ки Муҳаммадҳасан, ки чанде пеш дар Корея дар мусобиқаи байналмилалии таеквондо "Chuncheon Korea Open G-2" медали тилло ба даст оварда буд, шогирди Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо мебошад ва таҳти роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов тамрин мекунад.