ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Роҳи мошингарди Исфара - Ворух баста аст, хабар медиҳад сухангӯи раиси ноҳияи Исфара Иқбол Тешаев.
"Аз соати 17-00-и рӯзи 22 июл то ба ҳанӯз роҳи самти Исфара – Ворух баста аст ва ҷониби Қирғизистон ҳатто ба мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”, ки мебоист маҷрӯҳонро аз беморхонаи деҳаи Ворух ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол диҳанд, имкони гузар надодаанд", - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои Тешаев, дар паи тирпарронӣ ду каси дигар ҷароҳати вазнин бардошта то ҳол дар бемористони ҷамоати Ворух қарор доранду ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз доранд ва бояд ба бемористони марказии шаҳри Исфара интиқол дода шаванд.
"Мутаассифона, роҳҳо баста аст ва ҷониби Қирғизистон намегузорад, ки худравҳои "Ёрии таъҷилӣ" барои интиқоли замхмиён равон шавад", - гуфт Тешаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Иқбол Тешаев афзуд, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар аз бегоҳирӯзии 22 июл то ба ҳоло дар марз қарор дошта баҳри ба эътидол овардани вазъият дар марз бо ҳамтоёни қирғизи худ гуфтушунид ва талош доранд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таниш дар марзро иғвои навбатӣ медонад.
Бино ба гузориши КДАМ, рӯзи 22 июли соли 2019 сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.
Тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда, худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.
Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.
Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.
КДАМ мегӯяд, маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.
Раҳмон ва Жээнбеков дар Ворух масоили марзиро баррасӣ мекунанд
Манбаъ афзуда, ки айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.