Суҳбати намояндаи мақомоти қудратӣ ва мушовири Отамбоевро ба навор гирифтанд.
Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон, кормандони мақомоти қудратӣ хостаанд президенти собиқро дар бораи парвандаи озодкунии Азиз Батукаев пурсанд.
Мирлан Каниметов ва раҳбари гурӯҳи тафтишотиро мушовири президенти пешин Қундуз Жолдубаева пешвоз гирифт.
Каниметов фаҳмонд, ки мақомоти пулис се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард, вале ӯ ҳозир нашуд. Жолдубаева гуфт, ки қарори Жогорку Кенеш оид ба маҳрум кардани Отамбоев аз мақоми президенти пешин, ғайриқонунист ва дар ин росто ба палатаи Канститутсионӣ шикоят бурдааст.
Ба гуфти ӯ то баромадани қарори палатаи Канститутсионӣ, Отамбоев ба бозпурсӣ ҳозир намешавад, то "аъмоли кунунии ҳукуматро қонунӣ накунад".
Кормандони мақомоти қудратиро нагузоштанд ба манзили Отамбоев ворид шаванд. Муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Каниметов чораҳои минбаъдаи Вазоратро нагуфт.
Ин дар ҳолест, ки ахиран сомонаи Sputnik Қирғизистон бо такя ба хабари Вазорати умури дохилаи Қирғизистон иттилоъ дод, ки собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дигарбора ба бозпурсӣ даъват намуданд, аммо ӯ бори саввум аст, ки ҳозир намешавад.
Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис даъватномаро 18 июл ба манзили зисти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош бурда, ба раҳбари ситоди ҷонибдорӣ аз президенти пешини Қирғизистон Кияз Смаилов супурдаанд.
Зимнан Кундуз Жолдубаев яке аз ҷонибдорони Отамбоев изҳор намудаст, ки Ҳукумат бо шумули 500 нафар низомиён амалиёти боздошти собиқ президентро ба нақша гирифтаанд. Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, амалиёти боздошт бояд баъд аз зӯҳри 19 июл сурат мегирифт. Аммо ВУД-и Қирғизистон ин гуфтаҳои Жолдубаевро беасос хонд
Отамбоев пештар низ ду бор барои бозпурсӣ ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон даъват шуда буд.Вале вакили дифои Отамбоев- Сергей Слесарев изҳор дошт, ки шахси зери ҳимояаш барои бозпурсӣ ба идораи тафтишотӣ нахоҳад рафт, зеро ӯ то ҳол соҳиби унвони президенти пешини Қирғизистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, қарори порлумони Қирғизистон дар бораи маҳрум кардани Отамбоев аз унвони мазкур хилофи Конститутсияи ин кишвар қабул шудааст.
Отамбоевро дар доираи кадом парванда бозпурсӣ карданианд, расман хабар дода намешавад. Вале вакили дифоаш мегӯяд, даъватҳо ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев рабт доранд.
Порлумони Қирғизистон 27 июн Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум ва Додситонии кулли ин кишвар онро ҷонибдорӣ кард.