ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 19 июл қувваозмоиҳои даври нимниҳоии VII мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон баргузор шуд.
Усмонов дар ин давр дар вазни 63 кило аз варзишгари мизбон Закир Сафиулин шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол кард.Кумитаи миллии олимпӣ зикр кард, ки Баҳодур дар даври аввал озод буд, сипас дар чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Дилмурод Межитов дастболо шуд.
Мусобиқа, ки аз рӯи вазнҳои олимпӣ - 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон баргузор шуда, дар он беш аз 110 муштзан аз 11 кишвар - Алҷазоир, Булғория, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин иштирок доранд. Баҳодур Усмонов бори аввал дар вазни 63кг муҳориба кард. Ӯ моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё дар вазни 64 кило ғолиб омада буд.
Ғолибони мусобиқа ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра – 1000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 500 доллари ИМА мегиранд.