Чобаҳор - “дарвозаи тиллоӣ” - и Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд

Эрон кишварҳои Осиёи Марказиро ба бандари Чобаҳор дар Уқёнуси Ҳинд даъват кард. Ин фурсатест, ки вобастагии онҳо аз масирҳои Шимолу Шарқ коҳиш ёбад ва ба Ҷануб роҳ ёбанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, моҳи феврали соли равон дар ҷаласаи охирини Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ – “ЭКО” ҳукумати Эрон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки роҳ ба баҳр надоранд ва бо роҳҳои заминӣ маҳдуд шудаанд, хостааст, ба ин бандар оянд ва ройгон барои худ ҷой иҷора гиранд. Вай афзуд, Тоҷикистон ҳоло аз тариқи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад.

Собиқ роҳбари “Аҷам Авиа”, 1 миллион доллари “Тобон Эйр”-и Эронро дуздид

“Худи бандар ҳоло дар марҳалаи сохтмонӣ аст. Аз чор ду марҳалаи сохтмонаш шурӯъ шудааст. Агар мо ҳам тавонем, ки дар он ҷо як миқдор заминро иҷора гирему инфрасохтори худамонро барои борҳои худи Тоҷикистон, аз қабили анборҳо, майдонҳои борфарорӣ ва ғайра, ташкил кунем, ба манфиати кор мебуд. Барои ин бояд ягон мақомот ваколатдори Тоҷикистон бояд вобаста карда шавад”, - афзуд Ганҷалзода.

Бино ба ахбори дарёфтӣ, Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон низ шахсан аз ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон зимни ширкат дар ҷаласаи панҷуми Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июни соли равон дар Душанбе баргузор шуд, дигарбора чунин даъват кардааст.

Аммо аввалин даъват ба Чобаҳорро президенти Тоҷикистон ҳанӯз замони сафараш ба Ҳиндустон (14 ба 18 декабри соли 2016) аз нахуствазир Нарендра Моди гирифта буд. Нахуствазири Ҳинд эълон дошта буд, ки Тоҷикистону Ҳинд тиҷорат ва ҳамкориҳои худро тариқи бандари Чобаҳори Эрон рушд хоҳанд дод.

Дӯстӣ бо Эрон: мулоқоти 12 кишвар дар Душанбе, ҷамъбасти моҳи июн барои Тоҷикистон

Бино ба иттилои расонаҳои Эрон, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми мулоқоташ бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон дар рӯзи 1 июни 2019 низ хостори истифодаи бандари Чобаҳор барои транзити молҳои тиҷоратии Тоҷикистон шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Суҳроб Мирзозода, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, ин мавзӯъ шояд дар сатҳи боло баррасӣ шудааст, зеро то ба ҳол вазорати нақлиёт ягон маълумот ё супоришеро дар ин маврид дар даст надорад.

Инак, Чобаҳор чӣ гуна бандар аст ва чаро барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аҳамияти раҳбурдӣ дорад?

Чобаҳор, дар гузашта Бандари Биҳиштӣ ном дошт ва шаҳре дар музофоти Систону Балуҷистони Эрон, воқеъ дар соҳили Халиҷи Уммон ва дуввумин бандари бузурги ин кишвар пас аз Бандари Аббос аст.

Рӯзи 23 майи соли 2016 миёни Эрон, Ҳинд ва Афғонистон як паймони таърихӣ дар бораи тавсиаи бандари Чобаҳор ба имзо расид. Онро “санги таҳдоб” – и тарҳи бузурге ба номи “Даҳлези иқтисодию нақлиётии Шимол – Ҷануб” меноманд, ки наздиктарин нуқтаи васл ё “дарвозаи тиллоӣ” - и Эрон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Русия ба Уқёнуси Ҳинд, ё “обҳои гарм” арзёбӣ шуд. Созмони Милали Муттаҳид Чобаҳорро яке аз минтақаҳои дар ҳоли рушди босуръати ҷаҳон меҳисобад.

Зарфияти бандар солона 2,5 миллион тон аст, ки дар ҳоли тавсиа ба 12 миллион тон хоҳад расид. Чобаҳор аз лиҳзои фосила бар Бандари Аббос, ки дар ҳоли ҳозир 85% - и тиҷорати баҳрии Эронро бо Русия, Ҳинд ва Аврупо таъмин мекунад, бартарӣ дорад. Он аз Зоҳидон, маркази Систону Балуҷистон - 700, марзи Афғонистон - 950 ва Сарахси Туркманистон - 1827 км дур аст.

Чӣ суде ба кӣ?

Чобаҳор аз нигоҳи раҳбурдӣ барои таъмини якпорчагии Эрон аҳамияти калидӣ дорад. Систону Балуҷистон дуввумин, аммо фақиртарини музофотҳои бузурги Эрон аст. Аҳолиаш аксаран балучанд, ки агарчи эронитаборанд, суннимазҳаб, пайрави мазҳаби ҳанафиянд.

Тоҷикистон аз Эрон даъват кард сохтмони нақби “Истиқлол”-ро идома диҳад

Ҳукумати Эрон аз замони Ризошоҳи Паҳлавӣ (1925-1941) ба ин сӯ сиёсати таҷзияи Балуҷистонро пеш гирифтааст. Дар замони Ризошоҳ Балуҷистон ба се - Систону Балуҷистон, Кирмон ва Ҳурмузгон - тақсим шуда буд. Ҳоло Ҷумҳурии Исломӣ мехоҳад Систону Балуҷистонро боз ба се музофоти дигар - Балуҷистони Шимолӣ, Балуҷистони Ҷанубӣ ва Эроншаҳр - тақсим кунад.

Систону Балуҷистон ноамнтарини музофотҳои Эрон низ ҳаст. Соли 2010 дар рӯзи Ошӯро дар ин музофот яке аз ҳамлаҳои бузурги террористии даҳ соли охир дар Эрон ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи инфиҷори бомба дар масҷиди шаҳри Чобаҳор ба шумули занону кӯдакон 39 нафар кушта, беш аз 95 тани дигар захмӣ шуданд. “Ҷундуллоҳ”, созмони террористии балучҳои Эрон, ки шиори мустақилиятро мезанад, ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

Аз ин хотир, рушди иқтисодии Систону Балуҷистон гарави якпорчагии Эрон аст.

Эрон ба тавсиаи Чобаҳор мехоҳад мудирияти даромадҳои ҳангуфти “Даҳлези иқтисодии Шимол – Ҷануб” тарҳи ҳиндӣ дар муқобили тарҳи чинии “Даҳлези иқтисодии Чину Покистон” - ро низ ба даст гирад. Аммо ин як хаёлпалави эронӣ мебуд, агар Ҳинд даст ба кор намешуд.

Ҳинду Эрон ҳанӯз соли 2003 сари тавсиаи Чобаҳор ба тавофуқ расида буданд, аммо таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон ин тарҳро ба таъхир меандохт. Соли 2013 Ҳинд эълон дошт, ки 100 миллион доллар барои бандари Чобаҳор тахсис медиҳад. Моҳи майи соли 2015, замоне, ки музокироти Гуруҳи 5+1 сари барномаи ҳастаии Эрон идома дошт, аввалин ёддошти ҳусни тафоҳум барои тавсиаи Чобаҳор имзо шуд.

Рақобати Ҳинду Чин

Дар асл ба оташи ҳассосиятҳои Ҳинд тарҳи 46 – миллиарддолларии “Даҳлези иқтисодии Чину Покистон” равған рехтааст. Ин тарҳ моҳи апрели соли 2015 ҳангоми сафари Си Ҷин Пин, раҳбари Чин ба Исломобод, ба имзо расида буд. “Даҳлези иқтисодии Чину Покистон” шаҳри Кошғари Чин ва бандари Гводари Покистонро, ки 3 ҳазор километр фосила дорад, мепайвандад. Роҳи тиҷоратии 12 - ҳазоркилометраи Чин бо кишварҳои Эрон, Халиҷи Форс, Ховари Миёна ва Африқо аз ин ҳисоб кӯтоҳ мешавад.

Талоши Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ

Тавсиаи Бандари Гводар, воқеъ дар Балучистони Покистон, ҷузъи ин тарҳи бузург аст. Чину Покистон онро як ҳаб ё нуқтаи васли Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупои Шарқӣ бо Уқёнуси Ҳинд мебинанд. Ҳамон гуна, ки Чобаҳор аз сӯи Ҳинду Эрон тасаввур мешавад.

Ҳамин тавр, Ҳинд Чобаҳорро алайҳи Гводар тавсиа мебахшад. Чобаҳор на фақат аҳамияти Гводарро коҳиш медиҳад, балки роҳи Ҳиндро ба Афғонистон ва кишварҳои Шимол – Осиёи Марказӣ ва Русия боз мекунад.

“Мо мехоҳем ба ҷаҳон пайвандем” – ин суханони нахуствазири Ҳинд Нориндра Моди буд, ки 23 майи соли 2016 ҳангоми сафараш ба Эрон гуфта буд. Ҳинд дар баробари Чин як қудрати собити Осиё шудааст. Қафаси Осиёи Ҷанубӣ барояш тангӣ мекунад. Аммо роҳаш ба бозорҳои Шимол баста аст. Роҳи заминӣ аз қаламрави Чину Покистон, рақибони таърихиву деринааш мегузарад. Масалан, Покистон он қадар ба молу колои Ҳинд молиёт бастааст, ки рақобатпазириашонро аз даст медиҳанд.

Чобаҳор роҳи наҷоти Ҳинд аз муҳосираи Чину Покистон аст. Рушди ин бандар барои Ҳинд калидӣ аст. Пеш аз ҳама барои он, ки ин роҳи худаш хоҳад буд, ки аз канори Покистон ба бозори ҷаҳон роҳ меёбад ва ҳам намегузорад, ки Чин дар Уқёнуси Ҳинд нуфуз кунад. Масофаи миёни Чобаҳор ва бандари Кандалаи Ҳинд, ба қавли як вазири ҳиндӣ, камтар аз фосилаи байни Деҳлии нав ва Бомбай аст.

Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

Фосила миёни Чобаҳор ва Гводар ҳамагӣ 72 км роҳ аст. Ҳарду даъвои табдил ёфтан ба нуқтаи асосии тиҷоратии кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Чину Русияро доранд.

Чину Ҳинд – гигантҳои Осиё дар саросари олам дар рақобатанд ва дар Гводару Чобаҳор аз он ҷумла. Гап танҳо сари рақобатҳои геополитикии Чину Ҳинд ҳам нест. Ба ҳисоби ҳиндиҳо, “Даҳлези иқтисодию нақлиётии Шимол – Ҷануб” қимати бор ва вақти борбарӣ ба Аврупоро 50% коҳиш медиҳад.

Ҳадафи дигари Ҳинд Афғонистон ва муҳосираи Покистон аст. Азбаски Афғонистон низ Покистонро душмани қасамхӯрдаи худ мехонад, аз ин рақобатҳо низ суд мебардорад.

Рақобати ду ҷониб - суди як ҷониб

Дар Афғонистон агар Покистон бо дасти Толибон ва Ал - қоида бо Ҳинд ҷангад, Ҳинд аз роҳи ободӣ мавқеи Покистонро танг мекунад. Ҳинд соли 2016 сохтмони Банди Салмо дар Ҳиротро ба маблағи 270 миллион доллар таҷдид кард. Қаблан соли 2009 тарҳи дигари бузург – роҳи Дилором (вилояти Фароҳ) – Заранҷ (Нимрӯз, марзи Эрон) – ро бо маблағи 135 миллион доллар анҷом дод. Замони сохтмони ин роҳ 135 нафар - 129 афғон ва 6 ҳиндӣ кушта шуданд. Ин роҳ 12 – 14 соат тай мешуд, ҳоло 2 – 3 соат вақт мегирад ва Афғонистонро бо шаҳри Зобули Эрон васл мекунад, ки як роҳи ҳамвори меъёрӣ бо бандари Чобаҳор дорад.

Пас аз мулоқоти Раҳмону Руҳонӣ: сафири тоҷик эътимодномаашро ба президенти Эрон супурд

Ҳоло мувофиқтарин роҳи Афғонистон ба “обҳои гарм” тариқи бандарҳои Гводар ва Карочии Покистон аст. Аммо азбаски Кобул Исломободро як душмани роҳбурдӣ мешуморад, бар Чобаҳор арҷ гузоштааст. Тоҷирони афғон Чобаҳорро як ҳаб, нуқтаи васл, чандроҳа ё чорроҳаи бузурги тиҷорӣ мешиносанд. Ҳудуди 300 тоҷири афғон аллакай дар ин бандар замин харида, дафтару анбор сохтаанд.

Бандари Чобаҳор ба зудӣ собит кард, ки бар бандарҳои Покистон бартарӣ дорад. Бино ба иттилои расмӣ, агар соли 2013 маҷмуъи содироти Покистон ба Афғонистон 1 миллиарду 742 миллион доллар буд, соли 2016 ба 1 миллиарду 346 миллион доллар коҳиш ёфт. Бандари Чобаҳор дар қиёс ба бандарҳои Карочӣ ва Бандари Аббос 20 дарсад наздиктар аст ва кирояи ҳар контейнер ҳудуди 500 то 1000 доллар арзонтар меафтад.

Таваққӯи бештари Афғонистон аз ин қабил тарҳҳои иқтисодӣ ҳамоно ҳамвор шудани заминаҳои иқтисодии сулҳи деринтизор дар ин кишвар аст.

Рӯ ба Осиё

Бандари Чобаҳор барои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ки ба ҳукми таъриху ҷуғрофиё вобастаи масирҳои иқтисодии заминии Шарқу Шимол шудаанд, ягона роҳи наздики баромад ба иқтисодҳои рушдкардаи осиёӣ - Осиёи Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ, Уқёнусия ва ҳам Австралия хоҳад буд. Ин кишварҳо дар иқтисодиёти Осиёи Марказӣ нақши чандоне надоранд. Масалан, соли 2018 гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 62 миллион доллар ва бо Ҳинд ҳамагӣ 10 миллион доллар буд.

Гуфтугӯи судманд: Раҳмону Руҳонӣ дар чӣ бора суҳбат карданд?

Ба маълумоти Гугл, масофаи миёни Чобаҳор ва Душанбе аз роҳи мошингради Эрону Афғонистон 2 ҳазору 599 км роҳ аст. Барои ин қариб 1,5 рӯз ё 33 соат зарур аст ва ҳам масири Афғонистон амн нест. Аммо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳи заминӣ ниёз надоранд, зеро аз роҳи оҳани Туркманистону Эрон метавонад бо Чобаҳор васл шавад. Вагонҳои молу коло аз худи соҳилҳои Уқёнуси Ҳинд рост ба вокзалҳои Тошканду Остона, Душанбе ё Хуҷанд хоҳанд омад.

Аз сӯи дигар, дар баробари Чин, ки бо молҳои умдатан ғайримеъёриаш бозорҳои моро забт кардааст, имкон ҳаст, ки аз ҳисоби Ҳинд ё Сингапуру кишварҳои Уқёнусия ва Халиҷи Форс тавозуни тиҷоратӣ эҷод шавад. Ҳинд сахт дар ҳоли рушд аст ва мехоҳад моли саноатиашро ба бозори ҷаҳонӣ бо нархи арзон барорад, ки Чобаҳор ҳамчунин имконро хоҳад дод. Сониян, дар минтақаи озоди тиҷоратии Чобаҳор Ҳинд корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла гудохтани алюминийро эҷод мекунад, ки метавонад ба аҳли саноати минтақаву Тоҷикистон ҷолиб бошад.

Ҳар чӣ ҳаст, нест, роҳи “обҳои гарм” ё “обҳои озод” боз мешавад. Ин орзуи деринаи Тоҷикистону кишварҳои Шимол аст.