ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бархе аз атбои кишвар пул доранду дониш не, вале нияти дохил шудан ба ихтисосҳои баргузидаро доранд.
Ба гуфтаи вазир чунин афрод дониши кофӣ барои дохилшавӣ ба ихтисосҳои писандидаашонро тариқи Маркази тестӣ надоранд ва аз роҳҳои дигар истифода мебаранд. Ӯ тавзеҳ дод, ки онҳо дар хориҷи кишвар аз ҷумла ба Бодканду Оши ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрҳои Русия мераванд ва ба ихтисосҳои сара – дипломат, ҳуқуқшинос, иқтисоди байналмилалию ғайра дохил мешаванд.
Вазир маориф нақл кард, ки баъди як соли таҳсил дар бахши ихтисосҳои сара дар хориҷ, муҳассилин мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданду таҳсилашонро давом диҳанд. Вазир гуфт, одатан аз чунин шева пулдорҳо истифода мебаранд ва афзуд, аз онҳо даъват мекунад, ки бо чунин бозиҳо фазои таҳсилоти Тоҷикистонро махлут накунанд. Ӯ гуфт, дар чунин ҳолатҳо гузариш тибқи тартибот танҳо баъди анҷоми баробарвазнӣ ба курсу донишгоҳи мувофиқ анҷом дода мешавад.
Нуриддин Саид таъкид кард, ки мақомоти маорифи кишвар танҳо як талабот доранд, ки хонанда хуб таҳсил кунад холи баланд гирифта дохили донишгоҳ шавад. Ӯ гуфт, Ҳукумат масъалаи интиқоли донишҷӯён аз дохил ба хориҷ ва баръаксро ба салоҳияти Вазорати маориф гузоштаасту роҳбарони донишкадаю донишгоҳҳо аз ин имкон бархӯрдор нестанд.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои вазири маориф феълан ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсадро муҳассилини бахши буҷавӣ ташкил медиҳанд.