Ба умеди худ, Худо ва дӯстон: Отамбоев гуфт, ба Русия меравад - видео

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, барои чанд рӯз озими Русия хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Отамбоев изҳор доштааст, ки сафараш барои чанд рӯз ба Русия ҳафтаи оянда ба нақша гирифтааст, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Наворе дар он Отамбоев аз нияти сафар ба Русия хабар медиҳад, дар шабакаи Telegram, зери унвони "Короче" нашр шудааст. Отамбоев дар саҳни ҳавлияш дар деҳаи Кой-Тош, мақари ба истиллоҳ “ситори мардумӣ” бо рӯзноманигорон суҳбат карда, ба суолҳо посух додааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки сафараш якчанд рӯз тӯл хоҳад кашид ва ба Қирғизистон бармегардад.

“На ҳама мехоҳанд, ки ман парвоз кунам. Аммо фикр мекунам, ки ҳамааш хуб хоҳад буд, чун медонам, афроде, ки маро даъват кардаанд, талош мекунанд, то ман бидуни мушкил сафар кунаму бозгардам”, - изҳор доштааст Отамбоев.

Ӯ таъкид намудааст, ки дар ҳар сурат бояд ба умеди худ, Худо ва дӯстон шуду ба ҳар гуна ҳолат омода бояд буд.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Отамбоев қасди сафари Русияро бо даъвати роҳбари Шӯрои мудирони Бонки АвруОсиё Андрей Белянинов кардааст.

Алмосбек Отамбоев ба бозпурсӣ ҳозир нашуд

Ин дар ҳолест, ки ахиран сомонаи Sputnik Қирғизистон бо такя ба хабари Вазорати умури дохилаи Қирғизистон иттилоъ дод, ки собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дигарбора ба бозпурсӣ даъват намуданд, аммо ӯ бори саввум аст, ки ҳозир намешавад.

Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис даъватномаро 18 июл ба манзили зисти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош бурда, ба раҳбари ситоди ҷонибдорӣ аз президенти пешини Қирғизистон Кияз Смаилов супурдаанд.

Зимнан Кундуз Жолдубаев яке аз ҷонибдорони Отамбоев изҳор намудаст, ки Ҳукумат бо шумули 500 нафар низомиён амалиёти боздошти собиқ президентро ба нақша гирифтаанд. Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, амалиёти боздошт бояд баъд аз зӯҳри 19 июл сурат мегирифт. Аммо ВУД-и Қирғизистон ин гуфтаҳои Жолдубаевро беасос хонд.

Отамбоев ба Жээнбеков: дӯстам, маро шарманда накун

Отамбоев пештар низ ду бор барои бозпурсӣ ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон даъват шуда буд.Вале вакили дифои Отамбоев- Сергей Слесарев изҳор дошт, ки шахси зери ҳимояаш барои бозпурсӣ ба идораи тафтишотӣ нахоҳад рафт, зеро ӯ то ҳол соҳиби унвони президенти пешини Қирғизистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, қарори порлумони Қирғизистон дар бораи маҳрум кардани Отамбоев аз унвони мазкур хилофи Конститутсияи ин кишвар қабул шудааст.

Отамбоевро дар доираи кадом парванда бозпурсӣ карданианд, расман хабар дода намешавад. Вале вакили дифоаш мегӯяд, даъватҳо ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев рабт доранд.

Порлумони Қирғизистон 27 июн Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум ва Додситонии кулли ин кишвар онро ҷонибдорӣ кард.