ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино ба маълумоти Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, ин ноҳияҳо Тоҷикобод, Сангвор, Нурободи тобеъи ҷумҳурӣ, Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувону Ховалинг дар Хатлон ва Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим и вилояти Бадахшон, будаанд, ки ки ягон адвокат надоштаанд. Ба иттилоъи манбаъ, аз ин ноҳияҳо, шаҳрвандон барои дарёфти мақоми адвокатӣ ҳуҷҷат пешниҳод накардаанд.
Саидбек Нуритдинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар чунин ҳол барои ҳимояи ҳуқуқи сокинон, дар мурофияҳои додгоҳӣ, аз ҳисоби дигар ноҳияҳо адвокат таъмин карда мешавад. Дар соли гузашта, низ дар ноҳияи Шаҳринав ҳам ягон адвокат фаъолият надошт ва вақти зарурат аз ҳисоби шаҳри Ҳисор адвокат фиристода мешуд, гуфт Нуритдинов.
Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, давоми чаҳор сол, панҷ мақомоти минтақавии адвокатӣ таъсис додааст, ки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиятҳои сокинон дар баҳсу баррасиҳои судӣ дар ноҳияҳо, машғуланд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи марти соли 2015, Қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ро қабул кард ва бар тибқи он комиссияи вижа дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки минбаъд фаъолияти шаҳрвандонро, барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ имтиҳон мекунад.
Аммо Саидбек Нуритдинов мегуяд, қабули Қонун дар бораи адвокатҳо як қатор маҳдудиятҳоро ҷорӣ намуд, ки ба камбуди теъдоди адвокатҳо боис шуд.
“Масъалан барои як садамаи нақлиётӣ, ки аз беэҳтиётӣ дар сӣ соли пеш рух дода, ҷарима татбиқ шудааст, шахс ҳуқуқи адвокат шудан надорад. Ё , ин ки парвандаи ҷанҷоли оилавӣ, ки қатъ шудааст, асос барои маҳрум шудан аз ҳуқуқи адвокатӣ аст. Ин муқарраротҳо, ки асосан нодурустанд, сабаб шуданд, ки дар Тоҷикистон, имрӯз шумори адвокатҳо ба маротиб поён рафт”, гуфт Нуритдинов.
Аз соли 2015 ба ин тараф, гирифтани мақоми адвокатӣ ба зиммаи комиссияи тахассусии назди Вазорати адлия вогузор шудааст. Ин Комиссия ба ҷузъ додани мақоми адвокатӣ, инчунин масъалаи қатъ намудани фаъолияти адвокатӣ ва гузаронидани аттестатсия барои адвокатҳоро низ дар ихтиёр дорад.
Зимнан дар тӯли чаҳор сол 2015-2019, наздики 800 нафар, аз сӯи комиссияи тахассусӣ мақоми адвокатиро дарёфт кардаанд. Бар пояи иттилоъи сомонаи расмии Вазорати адлия, 787 нафар, то санаи 18-уми июли соли ҷорӣ дар феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудаанд.
Аммо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мегуяд, ин дар ҳолест, ки бар тибқи муқарраротҳои байналмилалӣ, барои як миллион аҳолӣ, бояд на кам аз 1000 адвокат фаъолият дошта бошад.
Саидбек Нуритдинов мегуяд, ҳоло зарурати бознигарии Қонун дар бораи адвокатҳо ба вуҷуд омадааст, то мушкили норасоии адвокат дар ноҳияҳо бартараф шавад.
Ӯ афзуд, ки дар ин бора амри раисиҷумҳур низ содир шудааст, ки мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмиллалиро тақозо мекунад.