Раҳмон Набиев - раисҷумҳуре, ки як бор интихоб шуд, аммо ду бор "истеъфо" дод

7-уми сенятбри имсол аз аввалин истеъфои Раҳмон Набиев, дувумин раисҷумҳури Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Аввалин истеъфои дувумин президенти кишвар бо аввалин солгарди истиқлоли Тоҷикистон тақрибан ҳамзамон буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik, Талабшоҳи Салом. Дар рабита ба дубора сари қудрат овардани Раҳмон Набиев, раҳбаре, ки дар солҳои охири ҳукумати шӯравӣ аз сиёсат дур монда буд, назарҳои мухталифе вуҷуд дорад.

Кӣ Набиевро дубора сари қудрат овард?

Тибқи баъзе сарчашмаҳо, ӯро нерӯҳои ба истилоҳ, ростгаро дубора вориди сиёсат карданд. Аммо воридшавии ӯ ба сиёсат бештар баъзе аз мухолифинро рӯҳбаланд кард, зеро мухолифин гумон доштанд, дар қиболи Қаҳҳор Маҳкамов, раисҷумҳури вақти Тоҷикистон соҳиби номзади арзандае хоҳанд буд. Тобистони соли 1991, замоне ки Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафт, ин фарзия бештар қувват гирифт, ки Раҳмон Набиев ба мухолифин “вафо” хоҳад кард, вале баъди истеъфои Қадриддин Аслонов вазъ куллан тағйир ёфт.

Хело ҷавону бетаҷриба будам: ёди Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои президентиаш - Видео

Сафаралӣ Кенҷаев дар ёддоштҳояш менависад, ки Раҳмон Набиев баъд аз сари қудрат рафтан аз назар дур монда буд. Ин ҳарфи оқои Кенҷаевро он адабиёте низ собит мекунанд, ки даврони ноҷӯриҳои давлатдории миллат дар онҳо таҳрир шуда. Пас суол ин аст, ки ин чеҳраи аз сиёсат дуруфтодаро кӣ дубора ба майдони сиёсат кашид?

Ба навиштаи Сафаралӣ Кенҷаев, қабл аз интихоботи парлумонии соли 1990 Ҷӯрабек Муродов, сарояндаи мумтози кишвар аз ӯ хоҳиш менамояд, ки чун дигар касе Набиевро суроғ намекунад, ӯро кумак намоянд, то дубора вакили Шӯрои Олӣ шавад. Ин хоҳиши Ҷӯрабек Муродовро Сафаралӣ Кенҷаев мепазирад ва ба навиштаи ахирӣ ӯ, бо дастгирии ин ду нафар Раҳмон Набиев аз ҳавзаи Роҳи Оҳан вориди парлумони Тоҷикистони Шӯравии Сотсиалистӣ мешавад. Раҳмон Набиев соли 1990, замоне ваколати мардумиро соҳиб шуд, ки ба шастумин баҳори умраш қадам монда буд.

Ба навиштаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, дар соли 1991, пас аз барканории Қадриддин Аслонов аз раёсати Шӯрои Олӣ ва қабл аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1991-и Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз Ҳ. А. Тӯраҷонзода дар бораи пешбарии номзад ба маснади ноиби раёсатҷумҳурӣ маслиҳат мепурсад. Бинобар таъкиди муаллиф, Раҳмон Набиев мехост Нарзулло Дӯстовро ба унвони номзад ба ин мансаб пешбарӣ кунад. Ин суҳбати раиси Шӯрои Олии вақтро  бо Ҳ. А. Тӯраҷонзода Сафаралӣ Кенҷаев мешунавад, ки дар посух мегӯяд: “Худам шунидам гапоша. Ин номарда мо дубора одам кардему. Хай...” (Ҳ. А. Тӯраҷонзода “Миёни обу оташ”, саҳ. 11).

 Аслиддин Соҳибназаров бо ёдоварӣ аз воқеаҳои моҳи майи соли 1992 ва дидораш бо раисҷумҳури вақт ишораи зарифе мекунад. Ба навиштаи ӯ, вақте Раҳмон Набиев ба А. Соҳибназаров муованати сарвазирро пешниҳод мекунад, оқои Соҳибназаров ин пешниҳодро рад менамояд. Дар чунин ҳол, Набиев хитоб ба Соҳибназаров мегӯяд: “Ту намехоҳӣ ба ман кӯмак расонӣ. Аз хотират набарор, ки ту маро маҷбур кардӣ, то намояндаи  мардумӣ шавам. Талаб кардӣ, ки номзадиямро ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ дар интихобот пешниҳод кунам. Вале вақте ки ба ман дастгирии ту лозим аст, онро дареғ медорӣ...” (Аслиддини Соҳибназар, “Субҳи ситоракуш” (китоби дуюм), саҳ. 41).

Супоришҳои Аҳмадзода ба масъулини иттиҳодияи илмии Раҳмон Набиев

Ҳикматуллоҳ Насриддинов низ ба ин назар аст, ки “Раҳмон Набиевро, ки асосан қувваҳои демократӣ ва ҷунбишҳои мардумӣ ба зинаи олии давлатдорӣ бароварда буданд, баъди раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданаш яку якбора муқобил баромаданд” (Ҳикматуллоҳ Насриддинов, “Таркиш”, саҳ. 145).

Вале Бӯрӣ Каримов ин андешаи Ҳикматуллоҳ Насриддиновро такзиб мекунад: “...ин фикр, ки “Раҳмон Набиевро қувваҳои демократӣ ба зинаи олии давлатдорӣ бароварданд”, саҳеҳ нест. Қудратҳои дигаре вуҷуд доштанд, ки ҳамон шабу рӯз Р. Набиев барои онҳо лозим шуд: аввалӣ Ҳизби коммунист, дувумӣ қавмгароӣ” (Бӯрӣ Карим, “Фарёди солҳо”, саҳ. 352).

Дар ин ҷо шояд манзури Бӯрӣ Каримов воқеоти сентябрии соли 1991 бошад. Зеро замоне ки Раҳмон Набиев вориди парлумон шуд, вазъ дигар буд. Воқеоти февралӣ ва истеъфои дурӯғини раҳбарияти кишвар коммунистонро дар ҳолати ногувор гузошта буду онҳо дар талоши ҳифзи Қаҳҳор Маҳкамов дар қудрат буданд. Вале воқеоти сенятбрии соли 1991 тамоман мавзӯи дигарест, поёнтар ишораҳое дар ин маврид хоҳем дошт.

Раҳмон Набиев - раисҷумҳуре, ки як бор интихоб шуд, аммо ду бор "истеъфо" дод

Карим Абдулов, аз нафаронест, ки баъд аз сиёсат дур шудани Раҳмон Набиев бо ӯ дар робита буд ва замони раисҷумҳурии ӯ мудирияти котиботи раисҷумҳурро ба уҳда дошт, дар ёддоштҳояш таҳти унвони “Роҳи беҳбуд” менависад, ки баъди аз қудрат дур шудани Раҳмон Набиев ӯ мавриди таваҷҷуҳи мухолифин қарор гирифт. Бинобар ин  ӯ ба маҳофили мухолифин даъват мешуд ва аз афкору андешаи Раҳмон Набиев мухолифин баҳра мебурданд.

Соли 1991, замоне ки маъракаҳои интихоботи оғоз шуданд, Сафаралӣ Кенҷаев раёсати ситоди интихоботии Раҳмон Набиевро ба уҳда гирифт. “Дар пешрафти интихоби Раҳмон Набиев, интихоби ӯ ба маснаби раисҷумҳур саҳми фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадор, фидоии Ватан, ҳуқуқшинос, шахсе, ки ҳама ҳурмату  эҳтиромаш мекунанд, Сафаралӣ Кенҷаев зиёд аст” (Карим Абдулов, “Роҳи беҳбуд”, саҳ. 34). 

Ҳамин тариқ соли 2014, замоне ки аз аввалин интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон 23 сол сипарӣ шуда буд, Нуралӣ Давлатов, муҳаққиқ ва муаррихи тоҷик дар суҳбат бо торнамои “Фараж” дар робита ба сари қудрат омадани Раҳмон Набиев гуфт буд: “Баъди барканор шудан аз курсии №1-и ҷумҳурӣ ӯ аз доираҳои ҳукуматӣ дур карда шуд ва тақрибан ҳамаи кадрҳои ӯро роҳбари нав Қаҳҳор Маҳкамов аз вазифаҳо барканор кард.

Президент аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Душанбе ёдовар шуд

Бинобар ин дар оғози солҳои 90-ум, дар авҷи бозсозии Горбачёв нерӯҳои ба ном демократӣ, ки аксар роҳбаронаш коммунистони собиқ буданд, Набиевро дар муқобили Маҳкамов истифода карданд. Аммо баъди суқути Маҳкамов ихтилоф миёни нерӯҳои демократӣ ва исломӣ дар масъалаи ҷонибдорӣ аз Раҳмон Набиев дар интихоботи тирамоҳи соли 1991 сар зад. Раҳмон Набиев дар чунин шароит аз нерӯҳое, ки ӯро ҷонибдорӣ мекарданд, фосила гирифт ва боз ба лагери коммунистон баргашт...”. 

Ин фарзия, ки баъзе нерӯҳои демократию исломӣ низ замоне аз Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ мекарданд, мантиқӣ менамояд, дар ҳоле ки Сафаралӣ Кенҷаев кӯмак карда буд, то Раҳмон Набиев дубора ба сиёсат баргардад. Барои он ки ба дарки ин мантиқ бирасем, бояд каме ба қафо баргардем. Тирамоҳи соли 1990, баъди конфронси таъсисии бахши Ҳизби эҳёи исломии ИҶШС дар Тоҷикистон ва муроҷиати мубтакирини ин бахш барои номнавис кардани ҳизб Шӯрои Олии Тоҷикистон ба дархости онҳо ҷавоби рад дод. Чунин як конфронсро Ҳизби демократи Тоҷикистон низ 10 августи соли 1990 баргузор кард, вале ин аҳзоб натавонистанд дар соли 1990 сабти ном шаванд.

Дар поёни соли 1990, баъди муроҷиати исломгароҳо, ки мехостанд ҲНИТ-ро ҳамчун бахши ҲЭИ ИҶШС сабт кунанд, Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистони ШС” қабул шуд. Моддаи 2-и қонуни мазкур, албатта, муассисинро иҷозат медод, ки ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд, вале на танҳо онҳо ба дархосташон ҷавоб рад гирифтанд, балки 12 рӯз баъд аз тасвиби ин қонун, тибқи қарори Шӯрои Олии  Тоҷикистон “Дар бораи баромадан аз ҳадди ваколати ҳизбӣ ва созмонҳое, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистони Шӯравии Сотсиалистӣ мамнӯъ аст”, созмондиҳандагони бахши ҲЭИ ИҶШС дар Тоҷикистон ҷарима шуданд.

Акбаршо Искандаров. Президенте, ки ҳамагӣ 3 моҳ курсии №1 аз вай буд

Бо назардошти раванди воқеаҳои он солҳо ва таъкиди иддае аз сиёсатмадорони тоҷик метавон гуфт, гурӯҳе аз сиёсатмадорону чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон, аз қабили Сафаралӣ Кенҷаев, Ҷӯрабек Муродов, Аслиддин Соҳибназаров, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва иддае дигаре аз равшанфикрону сарварони аҳзоби сиёсӣ Раҳмон Набиеваро ҷонибдорӣ мекарданд.

 Дар ин замина Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд: “Аслан қабл аз воқеаҳои канда шудани муҷассамаи Ленину барканории Қ. Аслонов аз раёсати Шӯрои Олӣ банда аз хайрхоҳон ва ҷонибдорони Раҳмон Набиев будам. Мо якҷоя бо С. Кенҷаев, Аслиддин Соҳибназаров, Ҷӯрабек Муродов ва чанде дигар аз намояндагони мардумӣ дар Шӯрои Олӣ ва шахсиятҳои бонуфуз номзадии Р. Набиевро ба мақоми раиси ҷумҳурӣ пешбарӣ карда будем” (Ҳ. А. Тӯраҷонзода, “Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо...” саҳ. 10).

Бо таваҷҷуҳ ба ин гуна далоил метавон гуфт, мухолифину мувофиқини он солҳо, алалхусус соли 1990 аз гурӯҳҳои мухолиф ва тарафдорони ҳукумат дар соли 1992 фарқ доштанд. Мухолифони идеологии он замон ба таври ошкор мухолифати худро бо  идеологияи коммунистӣ изҳор накарда буданд.

Идома дорад...