Навори сӯхтор дар маҷмааи таърихии "истиқлол"-и Хуҷанд

Маҷмааи таърихии "истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 15 июн ба сӯхтор дучор шуд
Sputnik

Дар ин бора шоҳидони ҳол дар гурӯҳи "Ман Хуҷандро дӯст медорам" хабар додаанд.

Фаврӣ: сӯхтор дар манораи "25-солагии истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд

Аз наворе, ки дар интернет нашр шудааст, дида мешавад, чӣ гуна дуди сиёҳ сутунҳои маҷмааро фаро мегирад.

Сӯхтор дар маҷмааи таърихии "истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд

Дар навори дигаре, ки каме баъдтар аз сар задани сӯхтор, нашр шудааст, дида мешавад, ки дар ҷои ҳодиса мошини оташнишон омада ва наҷотдиҳандагон талош доранд, сӯхторро хомӯш кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст.

Бурҷи истиқлол аз 7 сутун иборат буда, 58 метр баландӣ дорад. Ин маҷмаа моҳи сентябри соли 2016, дар соҳили рости дарёи Сир ба шарафи солгарди 25-уми истиқлоли Тоҷикистон пардабардорӣ шуда буд ва дар байни сокинон бо номи русии “Стелла” маъруф аст.