Собиқ роҳбари “Аҷам Авиа”, 1 миллион доллари “Тобон Эйр”-и Эронро дуздид

Додгоҳи Синои шаҳри Душанбе роҳбари собиқи ҶДММ "Аҷам-Авиа", Ҳайраров Р.А.-ро ба мӯҳлати 13 сол равонаи зиндон намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Додгоҳи Синои шаҳри Душанбе дар қиболи як нафар шаҳрванди Тоҷикистон Ҳайдаров бо гумони фиреб ва доду гирифти ғайриқонунии асъори хориҷӣ ҳукм эълон намудаст.

ВУД: марди 41-сола бо роҳи фиреб аз зани 49-сола 7 ҳазор доллар гирифту барнагардонд

Дар ин бора дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дода афзуддаст, ки маҳкумшуда собик роҳбари ҶДММ “Аҷам-Авиа” мебошад, ки ин ширкат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷойгир аст.

Зикр мегардад, ки номбурда ба боварии намояндагони ширкати ҳавопаймоҳии эронии “Тобон Эйр” даромада, се маротиба аз онҳо наздики 1 миллион доллари амрикоӣ маблағ гирифтааст.

Ҳайдаров бояд бар ивази маблағи гирифтааш, ба ҷониби ширкати ҳавонавардии Эрон “Тобон Эйр” муҳаррики ҳавопаймои “Боинг 757-200”-ро харидорӣ мекард.

Ба нафаре дар назди “Султони Кабир” шинос шуду ба 112 ҳазор доллар фиреб хурд

Аммо номбурда 1 миллион доллари амрикоии ин ширкатро аз они худ намуда, ҳамин тавр намояндагони “Тобон Эйр”- ро фиреб додааст.

Гузашта аз ин Ҳайдаров ба ширкати “Нахустлизинги”-и Тоҷикистон низ хисороти калони молӣ расонидааст.

Қаллобони доллардӯстдор: фиреб доду 240 ҳазор долларро гирифт ва дигар барнагардонд

Додгоҳ, Ҳайдаровро тибқи моддаи 247 (фиребгарӣ) ва 286 (додугирифти ғайриқонунии асъори хориҷӣ) айбдор дониста, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз намуда буд.

Тибқи қарори додгоҳи ноҳияи Сино, Ҳайдаров ба мӯҳлати 13 сол аз  озодӣ маҳрум гардид.

Ҳамчунин автомашинаи шахсии тамғаи BMW-и Ҳайдаров, ки 16 ҳазор доллар арзиш дорад ва 987,5 ҳазор долларе, ки аз  маҳкумшуда тибқи қарори суд гирифта шуда буд, ба моликияти ширкати эронии “Тобон Эйр” гузаронида шуд.