Мунтахаби таеквандои Тоҷикистон ба Кореяи ҷанубӣ сафарбар карда шуд

Дастаи мунтахаби таеквондо WT-и Тоҷикистон барои иштирок дар ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ ба шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ сафарбар гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз 8 то 22 июл дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо ибтикори Шӯрои олимпии Осиё дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати маҳаллии шаҳри Инчон, бо мақсади рушди босуботи варзишҳои осиёӣ, Барномаи "Руъё-2014" амалӣ мегардад.

Таеквандочиёни тоҷик аз Узбакистон 19 медал оварданд

Дар доираи барнома такмили ихтисоси варзишгарону мураббиён ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ дод Кумита.

Манбаъ афзуд, дар доираи ҳамкориҳои судманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи олимпии Корея дастаи мунтахаби таеквондои кишвар низ ба ин чорабинӣ даъват шуд.

“Варзишгарони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Далер Фозилов дар шаҳри Инчон ба машқу омӯзиш фаро гирифта шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагӣ мебинанд”, - омадааст дар иттилоия.

Варзишгарони тоҷик аз Қазоқистон ду медал оварданд

Кумитаи миллии олимпӣ таъкид кардааст, ки дар намуди таеквондо варзишгарон тариқи раддабандии Таеквондои ҷаҳонӣ ё мусобиқаҳои интихобии Гранд Слам ва чемпионатҳо сазовори роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Мусобиқаи олимпии таеквондо аз рӯи 8 категорияи вазнӣ – 4 вазн миёни писарон ва 4 вазн миёни духтарон баргузор мешавад ва дар умум аз ҳамаи 206 давлати дунё 128 варзишгар ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунан.

Кумита зикр кардааст, ки ду варзишгари Федератсияи таеквондо – Ҳалимова Моҳру ва Мадкаримова Манижа аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор буда, барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош менамоянд.