ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Қарори Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон дар бораи ҷудо намудани 400 ҳазор сомонӣ барои ду дастаи футболи вилоят “Равшан” ва “Ҳосилот” ба имзо расидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст.
Тавсифи Шайх Аҳмад аз занони футболбози тоҷик: бо Рустами Эмомалӣ баъзе нақшаҳо дорем
Бино бар иттилои манбаъ, бо кӯмаку дастгириҳои бевоситаи раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон барои рушди соҳаи футбол дар вилоят ба дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб 300 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи футболи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Манбаъ таъкид кард, ки дар ин бора қарори раиси вилоят ба тасвиб расид, ва ин иқдом ба рушди дастаҳои футбол дар вилоят мусоидат хоҳад кард.
Муҷозоти футболбози дастаи “Ҳосилот” барои лату кӯби довар
Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки санаи 17 майи соли равон Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон, ба ҳайси раиси Федератсияи фудболи вилояти Хатлон интихоб шуда буд.