Намоиши аксҳои Шуҳратҷон Ёров дар Бухоро

Беш аз 120 аксҳои суратгири тоҷик Шуҳратҷон Ёров, дар шаҳри Бухоро ба маърази тамошо гузошта шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар шаҳри Бухоро маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксбардори тоҷик Шуҳратҷон Ёров баргузор шуд.

Рӯзи 8 июл дар шаҳри Бухоро намоишгоҳи ду рӯзаи аксбардори тоҷик Шуҳратҷон Ёров таҳти унвони "Дӯстии ду халқи бародар" ифтитоҳ шуд.

Аккос Шуҳратҷон Ёров: мехоҳам симои дигари Тоҷикистонро нишон диҳам

Дар ин намоишгоҳ беш аз 120 аксҳои суратгири маъруф Шуҳратҷон Ёров, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Аксҳои Шуҳратҷон Ёров бошандагони Самарқандро бо урфу одот, фарҳанг, иҷтимоъ ва ҳаёти сиёсии Тоҷикистони кунунӣ ошно хоҳад кард.

Сафарҳои намоишии аксбардори тоҷик дар шаҳрҳои Русия

Ёдовар мешавем, ки пештар рӯзҳои 4-6 июли соли ҷорӣ аксҳои Шуҳратҷон Ёров дар толори намоишии Чорсӯ дар Регистони Самарқанд ба намоиш гузошта шуда буд.

Шухратҷон Ёров соли 1960 дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1982 донишгоҳи ҳунарҳои зеборо хатм кардааст. Оғоз аз соли 1999 инҷониб узви Шӯрои рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Русия мебошад.

Аксҳои Шуҳратҷон Ёров дар Исроил,  Ишқобод, Исломобод, Белорус, Олмону Эрон, Покистону Қувайт ва дигар кишварҳои дунё ба маърази тамошо гузошта шудаанд.