Амалиёти "Кукнор-2019": дар Бадахшон 256 ҳазор бех ниҳолҳои бангдона решакан карда шуд

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ВМКБ беш аз 256 ҳазор бехи ниҳоли барнгдонаро ошкор ва нобуд сохтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёти "Кукнор-2019" дар ВМКБ беш аз 256 ҳазору 898 бех растаниҳои нашъадори банги худрӯй решакан карда шуданд. 

Дар ВМКБ дар 14 рӯз 200 ҳазор бех бангдона мусодира шуд: "Кукнор -2019"

Тавре манбаъ таъкид намудааст, бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ, аз тарафи РВКД дар ВМКБ нақшаи махсуси амалиёти "Кукнор-2019" тартиб дода шуда, тадбиқи амалии ҳамарӯзаи он ба роҳ монда шудааст.

 “Дар натиҷаи гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони РВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои он дар вилоят дар давоми амалиёти "Кукнор-2019" 256 ҳазору 898 бех растаниҳои нашъадори банги худрӯй решакан карда шуданд”,- қайд намудааст манбаъ.

 Дар Суғд Ситоди кории вилояти амалиёти "Кӯкнор - 2019" таъсис ёфт

Гуфта мешавад, вазни умумии растаниҳои нашъадори навъи бангдона, ки 446 килограмму 651 граммро ташкил медод, бо партофтан ба коми оташ несту нобуд карда шуданд.

Ожонсии назорати маводи нашъаовар давоми 20 сол 42 тонна маводи нашъадорро мусодира кард

Инчунин манбаъ зикр намуд, ки мувофиқи нақша-чорабинӣ амалиёти "Кукнор-2019" аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Дар ҳамин ҳол ситоди байнидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намуда, дар пойдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Амалиёти “Кукнор-2019”: дар Бадахшон 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдона решакан карда шуд

Ёдрас мешавем, ки дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти "Кукнор-2019" дар ду марҳила: марҳилаи якум аз 1-уми июн то 31-уми уми август ва марҳилаи дуюм аз 1-уми сентяб то 30-юми ноябр аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ташкил ва гузаронида мешавад.