Масвидал дар 5 сония Аскренро нокаут кард - видеои кӯтоҳтарин сабқат дар UFC

Размикори амрикоӣ Хорхе Масвидал рақиби ҳамватанаш – Бен Аскренро дар 5 сония нокаут кард, ки кӯтоҳтарин қувваозмоӣ дар таърихи UFC мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ин сабқати таърихӣ шаби 6 ба 7 июл дар Лас-Вегас зимни мусобиқаи ҳунарҳои размии омехта - UFC 239 баргузор гардид.

Дар қувваозмоӣ барои мақоми сеюм размикори амрикоӣ Хорже Масвидал ва собиқ қаҳрамони Bellator Бен Аскрен ба ҳам омаданд. Дар оғози муҳориба Масвидал бо як ҷаҳидан Аскренро аз пой ғалтонд ва бидуни он, ки зарбае занад Аскрен аз ҳуш рафт.

​Бен Аскрен – собиқ қаҳрамони ONE Championship ва Bellator дар вазни миёна буда, тибқи раддабандии UFC дар соли 2019 дар зинаи 5-ум қарор дорад. Ӯ 21 бор дар майдони касбӣ қувваозмоӣ карда, дар 19 сабқат пирӯзӣ ба даст овардааст.

Хорхе Масвидал аз соли 2003-юм дар майдони қувваозмоиҳои касбӣ буда, аз 46 сабқат 33 ададашро бо пирӯзӣ ва 13 ададашро бо бохт анҷом додааст.