Мавлуда Давлатмамадова - бонуи ихтироъкори тоҷик, ки аз Сеул ду медали тилло овард

Мавлуда Давлатмамадова ходими илмии шӯъбаи “Фармакогнозия, технологияи дору ва биотехнология”-и Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ”-и Вазорати тандурустӣ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Мавлуда Давлатмамадова бонуи ихтироъкори тоҷик дар шаҳри Сеул соҳиби ду медали тилло шуд.

Аз  19 то 26 июни соли равон дар Кореяи Ҷанубӣ 12-умин "Форуми занони ихтироъкор" баргузор шуд.

"Дар байни 28 давлат ва беш аз 274 иштирокчӣ, Мавлуда Давлатмамадова сазовори ду медали тилло шуд",- омадааст дар хабарнома. 

Ихтирооти бонувони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии Сеул соҳиби 9 медал гардиданд

Як медал аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи  занони ихтироъкор дар давлати Кореяи Ҷанубӣ ва медали дуюм аз тарафи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ ба ӯ тақдим гардидааст.

Мавлуда Давлатмамадова ходими илмии шӯъбаи “Фармакогнозия, технологияи дору ва биотехнология”-и Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавлуда Давлатмамадова - бонуи ихтироъкори тоҷик, ки аз Сеул ду медали тилло овард

Давлатмамадова 17 апрели соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Академики академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Юсуфӣ Саломуддини Ҷаббор рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, сазовори  номзади илмҳои техникӣ гардид.

Олимони тоҷик “Гулоби Ирам” истеҳсол намуданд

Ӯ инчунин дар конфронси байналмилалии “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон, “Рӯзи ихтироъкорону навоварон”,  ки 26 апрели соли равон доир гашт, сазовори дипломи дараҷаи 3 ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” аз рӯи номинатсияи  “Зиёдтарин миқдори патент барои ихтироот” ва сазовори дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Мавлуда Давлатмамадова  яке аз он бонувони ихтироъкор мебошад, ки аввалин шуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ хокаи кӯдаконаро аз талки кони Мулвоҷ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ аст, кашф намудааст.