Густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи гумрук

Масъалаҳои ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мубодилаи маълумоти элекронӣ, тасдиқи транзити воридоти молҳо дар портали ASYCUDA дар Гумруки Панҷи Поён ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Масъалаи тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон дар мулоқоти  Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Афғонистон Аҳмад Решад Попал дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”. 

Ҳайати баландпояи Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

Бояд тазаккур дод, ки Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Афғонистон Аҳмад Решад Попал ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад,  ба Тоҷикистон омадааст.

Хуршед Каримзода зимни мулоқот изҳор намуд, ки ҳамкории гумрукӣ байни  Тоҷиикистон ва Афғонистон дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати умумии гумрукоти Вазорати молияи Афғонистон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба роҳ монда шудааст.

Ин санадҳои ҳуқуқӣ  шароит фароҳам оварданд, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлати ҳамҷавор дар сатҳи дахлдор ташаккул ёбад.

Раиси иҷроияи Афғонистон бо сафари корӣ ба Душанбе омад

Хуршед Каримзода зикр намуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ бо истифода аз тамоми захираву имконоти мавҷуда ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва  Афғонистон кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Аҳмад Решад Попал аз сатҳ ва раванди ҳамкории дуҷонибаи мақомоти гумруки Афғонистон бо мақомоти гумруки Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мубодилаи маълумоти элекронӣ, тасдиқи транзити воридоти молҳо дар портали ASYCUDA дар Гумруки Панҷи Поён, вохӯрии гурӯҳи кории дуҷониба дар сарҳад оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин баррасии имконияти ташкили фаъолияти муштарак дар сарҳад, табодули таҷриба ва бозомӯзии кадрҳо, мубодилаи мунтазами маълумоти омории тиҷорати хориҷӣ, мубодилаи натиҷаҳои муқоисавии таҳлили маълумот, муайян намудан ва бартарафии ин мушкилиҳо, баргузории вохӯрӣ ҷиҳати баҳодиҳии тадбиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.