Пул надораму мехоҳам шиноварӣ кунам: истиқболи сокинон аз тафреҳгоҳи ройгон дар Сирдарё

Маҷмааи шиноварию истироҳатӣ воқеъ дар соҳили чапи руди Сир, барои сокинон, аз ҷумла нафароне, ки имкони молӣ барои рафтан ба ҳавзҳои пулакӣ надоштанд ва ё аз ғарқшавӣ дар дарёҳо метарсиданд, шароити фароғат фароҳам намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Хуҷанд рӯзи 25-уми июн дар остонаи рӯзи Ваҳдати миллӣ ин макони шиноварию истироҳатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

Дар соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд маҷмааи истироҳатию фароғатӣ бунёд мегарад

Маҷмааи истироҳатии мазкур бо харҷи як милион сомонӣ дар 300 метр замини соҳили чапи руди Сир сохта шудааст, ки дар он ба ҳисоби як шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейболу теннис ва дастгоҳҳои тамрини тарбияти бадан мавҷуд аст.

Дар соҳили дарё 100 варзишгару беш аз 1000 сокинону меҳмонони Хуҷанд имкон доранд дар як вацт аз ин тафреҳгоҳ  баҳра бардоранд.   

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар расми ифтитоҳи ин истироҳатҷой ширкат варзида ба масъулин дастур додааст, ки барои хубу тоза нигоҳ доштани фаъолияти он ва таъмини амнияти истироҳаткунандагон табдирҳои зарурӣ андешанд. Раиси вилояти Суғд гуфтааст, ки фаъолияти чунин марказҳои истироҳатӣ дар соҳили Сирдарё бо иштироки сокинон ҳусни шаҳро зебо мекунад.

Пул надораму мехоҳам шиноварӣ кунам: истиқболи сокинон аз тафреҳгоҳи ройгон дар Сирдарё

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар соли гузашта низ як шиногоҳи воқеъ дар соҳили рости Сидарёро, ки солҳо боз таҷдид нашуда замини онро қимиш ва дигар рустаниҳои ёбоӣ пур карда буданд, барқарор намуд. 

"Соҳили пок": ризокорони Хоруғ соҳили дарёҳои Ғунду Роштқалъаро тоза карданд

Ҳоло сохтмони маҷмааи шиноварию истироҳатии соҳили чапи Сирдарё, аз нахустин маҷмааи фароғатии Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд ба ҳисоб меравад, ки фаъолияташ барои сокинон ройгон аст. Дар аввалин рӯзҳои баъди ифтитоҳёбии он, мушоҳида мешавад, ки даҳҳо нафар ҷавонону наврасон аз хонаводаҳои суғдӣ таътили тобистонаи худро ҳамроҳи волидонашон дар ин ҷо дар соҳили руди Сир сипарӣ мекунанд.

Соҳили Сирдарё ба ҷои лагер

Дилором Хоҷаева, сокини Хуҷанд мегуяд, ифтитоҳи ин гуна марказҳои истироҳатии фаъолияташон ройгон, фароғати баробариро барои сокинон фароҳам мекунад. Вай гуфт, набераҳояш имкони ба лагеру марказҳои тафреҳии тобистонаи пулаки рафтанро  надоранд. Дилором гуфт, ки хонанишин аст ва се рӯз мешавад, ки гармои тобистонро ҳамроҳи набераҳояш дар соҳили хушбоду ҳавои  Сирдарё мегузаронад. 

“Ба истифода додани ин маркази истироҳатӣ дар соҳили дарё барои хонаводаҳое ба мисли мо бисёр осон шуд. Акнун имкон пайдо кардем фарзандону набераҳоямонро барои истироҳат ба ин ҷо биёрем. Зеро кӯдаконро ба лагерҳои тобистона бурдан имкон надорем, чунки гарон аст ва шароити иқтисодии хонавода имкон намедиҳад”, - мегуяд Хоҷаева.

Пул надораму мехоҳам шиноварӣ кунам: истиқболи сокинон аз тафреҳгоҳи ройгон дар Сирдарё

Шаҳром як ҷавонони мактабхон аз ноҳияи Масчоҳ мегуяд, маъмулан рӯзҳои таътили тобистонаро ҳамроҳи ҳамсинфонаш ба оббозӣ дар Сирдарё сипарӣ мекунад. Ӯ ташкили ин гуна истироҳатгоҳ дар соҳили дарёро аз он ҷиҳат муҳим арзёбӣ кард, ки ба мисли ӯ даҳҳо хонандаи мактаб, ки ҳоло даромади молӣ надоранд, имкони шиноварии ройгонро пайдо намуданд. Шаҳром дар  обутоби бадан нақши шиновариро  муҳим арзёбӣ мекунад. 

“Шиноварӣ ин ҷо барои ҳама бепул аст. Мо ин ҷо ба ҷуз шиноварӣ ройгон машқи бадан карда метавонем”, - гуфт ӯ.

Соҳили дарёи Сир чароғонтар шуд

Дар соли 2011 дар замони раисии Қоҳир Расулзода, ҳукумати вилояти Суғд бо харҷи 14 милион сомонӣ маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар Хуҷандро мавриди истифода қарор дод. Ин иншоот барои шиноварии 2 ё 2,5 соат аз 20 то 40 сомонӣ ҳаққи хизмат мегирад. Аммо бо гузашти чанд сол фаъолияти ин иншооти ба истилоҳ ҷашнӣ бинобар қарздорӣ аз истифодаи қувваи барқ боз истод. Ҳатто дар мавсими оббозӣ дар моҳҳои июн ва июли соли 2017 дарҳои он барои мизоҷон баста буд. Зеро маблағе, ки аз ҳисоби хизматрасонӣ ба даст меомад, аз ҷумла барои масрафоти нерӯи барқ кифоят накард.

 

Пул надораму мехоҳам шиноварӣ кунам: истиқболи сокинон аз тафреҳгоҳи ройгон дар Сирдарё

Аз сӯи мушкили молиявӣ на ба ҳамаи сокинон имкон медиҳад, бар ивази  20-30 сомонӣ барои то 2- 2, 5 соат шиноварӣ дар ҳавзҳои пӯшидаи оббозӣ кунанд.

Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баъд аз ҳафт соли фаъолияташ аз нав ва бо харҷи беш аз даҳ милион таъмир карда шуд. Ҳоло хизматрасонии худро барои нафарони то 16 сола 15 сомонӣ ва аз 16 сола боло 30 сомонӣ муқаррар кардааст.

Бо дастури Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сир "фитнес"-и ройгон месозанд

Ба ин ҳавз ба ҷуз нафарони доро дигар касе намеравад. Нафароне, ки имконияти молии маҳдуд доранд барои оббозию шиноварӣ ба дарё мераванд. Аммо шиноварӣ дар руду баҳр на ҳамеша барои сокинон хуш сипарӣ мешавад.

Дар Хуҷанд омори ғарқшавӣ кам хоҳад шуд

Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар давоми 20 рӯзи моҳи июни соли ҷорӣ  40 нафар, ба ҳисоби 3 нафар дар Сирдарёи Хуҷанд  ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд. Дар соли гузашта 140 нафар ҳангоми риоя накардани меъёрҳои бехатарии оббозӣ дар баҳр ва кулу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд, ки 23 нафар аз ин шуморро кӯдакони то ҳабдаҳсола гуфта мешуданд.

Пул надораму мехоҳам шиноварӣ кунам: истиқболи сокинон аз тафреҳгоҳи ройгон дар Сирдарё

Бахтиёр Шукуров сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, ифтитоҳи макони шиноварию истироҳатӣ дар соҳили Сирдарё минбаъд дар коҳиши ҳодисаҳои ғарқшавии сокинон бар асари оббозӣ мусоидат хоҳад кард. Ӯ мегуяд, мушоҳида мешавад, ки атрофи истироҳатгоҳи шиноварӣ аломатгузорӣ шуда, назорати доимии наҷотдиҳандагон ҳам таъмин карда шудааст.

Наҷоти се наврас аз коми мавҷҳои туфонии рӯди Сир

“Хабари рухдоди ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар Сирдарё моро хавотир мекард. Намегузоштам, ки набераҳоям ба шиноварӣ ба дарё раванд. Ҳоло мебинем, ки дар соҳили дарё муҳимтарин шароит барои истироҳаткунандагон фароҳам оварда шудааст. Ҳоло худам ҳам шиноварӣ мекунам, зеро он барои пешгирии касалиҳои қалб ва роҳи нафас аҳамияти калон дорад”, гуфт Шукуров.

Равшан як сокинони дигар мегуяд, мавсими гарморо бе истироҳати соҳили дарё тасаввур кардан барояш ғайримкон аст. Ӯ ҳамроҳи аҳли оилааш ба тафреҳгоҳи воқеъ дар соҳили  руди Сир омада ва мегуяд, ин ҷо хушҳолии наврасони зиёдро мушоҳида кардааст. 

Пул надораму мехоҳам шиноварӣ кунам: истиқболи сокинон аз тафреҳгоҳи ройгон дар Сирдарё

“Ин истироҳатгоҳ барои ҳама дастрас аст. Яъне ҳама истироҳат карда метавонад, ҳам пулдорҳову ҳам бепулҳо. Барои ҳама баробар”, - афзуд Равшан.

Ташкили маҷмааи шиноварию фароғатӣ дар соҳили Сирдарёро бисёриҳо як истироҳатгоҳи алтернативӣ дар қатори лагеру марказҳои истироҳатии хусусӣ ва ё ба истилоҳ пулакӣ ҳисоб мекунанд. Дар ин ҷо ҳама, бахусус онҳое, ки тавони иқтисодӣ надоранд, ба шиноварӣ ва ё истироҳату тарбияти бадан машғул шуда метавонанд.