Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристод

Тибқи қарори ҳукумати Қазокситон, бо мақсади расонидани кумаки гумманитарӣ ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ, дар маҷмӯъ 83 систерна, оварда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристод, хабар медиҳад сомонаи ТоҷикТа.

Ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 21 миллион доллар кумаки башардӯстона расидааст

Бино бар иттилои манбаъ дар маросими расмии супоридани кумаки башардустонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон сафири он кишвар Аскар Тажибаев низ ширкат намуд.

Тибқи қарори ҳукумати Қазокситон, бо мақсади расонидани кумаки гумманитарӣ ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ, дар маҷмӯъ 83 систерна, оварда шуд.

Гуфта мешавад сертификати бори мазкурро сафири қазоқ Аскар Тажибаев ба муовини мудири Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супорид.

Ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 21 миллион доллар кумаки башардӯстона расидааст

Зимни суханронии худ сафири Қазоқистон қайд кардааст, ки Қазоқистон ҳамасола ба мардуми бародари Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мерасонад, ки ҳаҷми умумии он аз соли 2006 инҷониб зиёда аз 37 миллион доллари арикоиро ташкил менамояд.

Қазоқистон содироти бензинро ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ аз кишварҳо ҷаҳон ба арзиши ҳудуди 20 миллион доллар кумаки инсондӯстона дарёфт намудааст.

Бояд гуфт, ки аз рӯи вазни қиёсӣ кишвари нисбатан бузургтарини кумакрасон ба Тоҷикистон Русия дониста шудааст, ки 14,8 дарсад аз ҳаҷми умумии кумакҳои воридшуда ба кишвар рост меояд.