Қарори Рустам Эмомалӣ: бунёди роҳи автомобилгард бо паҳноии 40 метр ва 8 хати ҳаракат

Роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортути пойтахт тӯл кашида, бо маблағи 46, 5 миллион доллари ИМА сохта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Имрӯз 4 июли соли 2019, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корҳои бунёдии лоиҳаи иншооти "Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи "Чортут"-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, заминагузорӣ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии сомонаи расмии шаҳрдорӣ.

Қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тасвиб расид

Дар иттилоия омадааст, ки лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи автомобилгардро бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии 40 метр иборат аз 8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ (развязка), чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, шинонидани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дарбар мегирад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гош бо гузоштани санги асос ба оғози расмии сохтмони ин қитъаи роҳ заминагузорӣ карданд.

Оғози даъвати ҳарбӣ дар Душанбе: супориши Рустам Эмомалӣ барои барӯйхатгирии ҷавонписарон

Роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортути пойтахт тӯл кашида, бо маблағи 46, 5 миллион доллари ИМА сохта мешавад. Иншооти мазкур дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон бунёд мегардад.

Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбутаро ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии роҳсозӣ анҷом додани корҳои омодагӣ ва сохтмонӣ ҷалб намуданд.

Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, инчунин бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе бунёд мешаванд, шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани он ба масъулони сохторҳои дахлдори пойтахт ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Рустам Эмомалӣ дар қароре гуфт, ки кадом кӯчаҳои Душанбе беоб мемонанд

Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо то майдони Ғалаба дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар давоми ду сол биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешавад.

Биноҳои истиқоматии сохташаванда накамтар аз 12 ошёна буда, дар идомаи ташаббусу иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ, ки тайи ду соли охир боиси ба куллӣ дигаргун шудани симои пойтахт гардидааст, бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳамин кӯча биноҳои нави маъмурии аҳамияти ҷумҳуриявӣ сохта мешавад. Тибқи дурнамо сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.

“Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”: қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни нон

Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки сохтмони тамоми иншоот дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд ва риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шавад.

Ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф, инчунин ба инобат гирифтани инфрасохтори зарурӣ, аз қабили хатҳои обу корез, барқу гармидиҳӣ, низоми муосири партовпартоӣ, воситаҳои хизматрасонии дохили биноҳо низ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Худи ҳамин рӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯнамои лоиҳаҳои меҳмонхонаҳои навбунёдшавандаи ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Рустам Эмомалӣ ба бизнеси ширии Наврӯз Комилов дар ҳудуди Душанбе иҷозат дод

Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 (як ҳазор) нафар дар як вақт пешбинӣ шудаанд.

Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Рушди Осиё "сохтмони меҳмонхонаи “Дипломат”-ро дар заминаи бино ва иншооти фарсуда, дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элит-стройсервис" бинои бисёрфунксионалии бисёрошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур,  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Себистон-2018" мехмонхонаи замонавии “Grand RudakI Tower”-ро дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин дигар ширкатҳои ватанӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ тайӣ 2 сол меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва дизайни миллӣ бунёд хоҳанд кард.

Ҳисобот медиҳам: Рустам Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард
Ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо рӯнамоӣ гардид, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.

Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз утоқҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зеризаминӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ,  тиббӣ, ҳаммом, синамо, таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷҷаҳаз мебошанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.