Куштигирони Тоҷикистон ба чемпионати Осиё ба Нурсултон мераванд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 4-7 июл дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон Чемпионати Осиё дар риштаи куштӣ баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита дар ин мусобиқа куштигирони навраси қораи Осиё дар намудҳои куштии озод - 10 вазн, юнонӣ-римӣ - 10 вазн ва куштии занона - 10 вазн барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Сомон Маҳмадбеков дар Чин қувваозмоӣ мекунад

“Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чемпионат 13 варзишгар бо роҳбарии мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Фаррухрӯз Раҳмонов намояндагӣ мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар мусобиқаи куштии юнонӣ-римӣ Тоҷикистонро - Алимов Суҳроб - вазни 45 кило, Худойбердиев Давлатҷон - 48кг, Мирзораҷабов Фирӯз - 55кг, Шарипов Давлаталӣ - 60кг, Собиров Нозимҷон - 65кг, Очилов Шероз - 71кг ва Саидзода Султон дар вазни 82 кило намояндагӣ мекунанд.

Дар сабқати куштии тарзи озод аз Тоҷикистон, Қодиров Ҷамшед дар вазни 51кило,  Ахмедов Мустафо – 65 кило,  Ашрафхонов Саидасан - 71кг, Шукуров Абубакр - 80кг, Раҷабов Исмоил - 92кг ва Маҳмадалиев Меҳроб дар вазни 110 кило қувваозмоӣ мекунанд.