ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар назди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Шӯрои рушди саноати назди раиси вилоят таъсис дода мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, шӯрои нав бо мақсади рушди соҳаи саноат ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар таъсис хоҳад ёфт.
Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 2 июли соли 2019, №317 ба тасвиб расид.
Мақсади асосии Шӯро мусоидат ба рушди соҳаи саноати вилоят, таҳлили таклифу ташаббусҳои корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорону субъектҳои соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ, инчунин муайян намудани муаммоҳо ва пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ба ҳисоб мераванд.
Ба ҳайати Шӯро 33 нафар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо шомил мебошанд.