ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Сар аз дирӯз Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили тобистона баромаданд.
Ба иттилои манбаъ, таътили тобистонаи вакилони мардумӣ то 15 август идома ёфта, аз 16 то 30 сентябр онҳо дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон фаъолият менамоянд.
Зуҳуров аз шикояти шаҳрвандон то қабули 400 қарор гуфт
Мавриди зикр аст, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст. Вакилон ба муҳлати панҷ сол тавассути овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи хотимавии Парлумон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад намуда гуфт,ки дар 31 Шӯрои маҷлиси намояндагон зиёда аз 400 қарор қабул шудааст.
Ба гуфтаи вай, дар 24 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, 171 масъала таҳлилу баррасӣ шуда, дар мавриди онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Зуҳуров дар баромади худ аз вакилони тоҷик даъват ба амал овард, ки арзу шикояти сокинони ҷумҳуриро нодида нагирифта, балки саривақт аз пайи иҷрои он шаванд.