Кордкашии муҳоҷирон дар Петербург: муҳоҷири тоҷик ҳамкори узбакашро корд зад

Шаҳрванди 27 солаи Узбакистон бо захми қафаси сина дар ҳолати садамот ба беморхона интиқол ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар  шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон ҳамкори узбаки худро бо корд маҷрӯҳ намудааст, хабар медиҳад сомонаи  Мойка 78. 

Ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ва доғистониҳо дар Санкт-Петербург

Бар хабари манбаъ, ҳодисаи коркашӣ дар яке аз биноҳои сохтмонӣ бегоҳи дирӯз миёни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ  бархостаст.

Муҳоҷири узбак дар ҳолати садамот ба яке аз беморхонаҳои Петербург интиқол ёфт. Пизишкон ӯро дар ҳолати шок бо захми кушоди қафаси сина қабул намуданд.

Гуфта мешавад муҳоҷири 27 солаи узбак дар ширкати сохтмонии “Партнер” кор мекардаст. Ба Русия ӯ ҳануз соли 2016 омада дар ширкатҳои гуногуни сохтмонӣ фаъолият мебурдаст.

220 муҳоҷир ва 80 парванда: боздошти оммавии муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Мақомоти пулиси Петербург ба гумони содир намудани ҷинояти кордкашӣ шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро дастгир намуданд. Ба иттилои кормандони пулис миёни муҳоҷирони корӣ, муноқиша мехезад, ки дар натиҷа муҳоҷири тоҷик бо корди дар дасташ буда ба ҳамкори узбаки худ ҳамла карда ӯро захмӣ намудааст.

Нисбати муҳоҷири тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот дар ин самт идома дорад.