Ҳушдор ба ронандаҳо: якранг шавед ё аз иҷозатномаи ронандагӣ маҳрум мешавед

Ҳамакнун дар роҳҳои пойтахт фаъолияти гуруҳҳои назоратӣ мушоҳида мешавад,ки аз риоя шудани талаботи нав барои мусофирбарҳои шаҳр назорат мебаранд. Дар сурати нақзи ин талабот онҳоро ҷазои маъмурӣ интизор аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҳамакнун ҳамаи таксиҳо намои якрангро ба худ касб мекунанд. Пешниҳоди якхела шудани мусофирбарҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гирифта шуд.

Нав бошанду як намуд: қарори шаҳрдорӣ дар бораи мусофирбарҳо - акс

Ба боварии шаҳрдории Душанбе таксиҳои намои якхела бозори ронандаҳое, ки ғайриқонунӣ ба интиқоли мусофирон машғуланд, танг мекунад. Ҳамин тариқ ронандаҳое, ки нақлиёти мусофирбари худро мувофиқи талаби шахрдорӣ оро намедиҳанд, аз иҷозатномаи ронандагӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Акнун ҳамаи мусофирбарҳо намои якранг: болои мошинҳо ранги зард, навиштаҷоти Душанбе  ва қисмати  поён сафед мешавад.

Эълони шаҳрдорӣ: дар бархе кӯчаҳо мусофирбарҳои хурд манъ ва автобусҳо зиёд мешаванд

Бояд гуфт, ки алъон дар пойтахти Тоҷикистон 11 ширкатии расмии мусофирбарӣ фаъолият доранд. Илова бар ин боз мусофирбарҳои дигаре низ ҳастанд, ки ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд.

Тарҳи намои ягонаи мусофирбарҳо ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ пешниҳод гардид. Барои ранг намудани мусофирбарҳо ба ронандаҳо 6 моҳ вақт ҷудо шуда буд.

Якранг шавед: шаҳрдорӣ баъди қарори Рустам Эмомалӣ ба таксиронҳо 18 рӯз вақт дод

Дар роҳҳои пойтахт аллакай гуруҳҳои назоратӣ фаъолият мебаранд. Онҳо риояшудани талаботи навро миёни ронандаҳо назорат мекунанд. Дар сурати кашфи қоидавайронкунӣ ронандаҳоро ҷазои маъмурӣ интизор аст.