Шоҳмотбози тоҷик дар Қирғизистон медали тилло гирифт

Дар Қирғизистон дар мусобиқаи шоҳмот миёни 160 нафар варзишгарон, Мутриба Ҳотамӣ-шоҳмотбози тоҷик мақоми аввалро аз они худ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Мутриба Ҳотамӣ шоҳмотбози тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи шоҳмот сазовори медали тилло гардид, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Рақобат барои 100 000 сомонӣ: гузориши аксӣ аз сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот

Бар хабари Кумитаи олимпӣ мусобиқоти шоҳмот дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон барои дарёфти Ҷоми Леонид Юртаев – аввалин гроссмейстери ин кишвар – баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Қирғизистон, дар мусобиқа 160 шоҳмотбоз аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат намуданд.

Фонди ҷоизаи мусобиқа 2000 долларро ташкил медод.
Мусобиқа аз рӯи ду дараҷа сурат гирифт: “А”– мусобиқоти инфиродӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ, “В” – вохуриҳо миёни кӯдакону наврасон.

Оғози мусобиқаи шоҳмот: Абдуллозода гуфт, раисиҷумҳур 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза ҷудо кард

Бозиҳо тибқи талаботи Федератсияи байналмилалии шоҳмот аз рӯи тартиби швейтсарӣ дар 9 давр баргузор шуданд.
Дар категорияи “А” миёни бонувон Мутриба Ҳотамӣ ҷои аввал, Сарвиноз Каримова ҷои сеюмро сазовор шуданд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Алишер Каримов миёни мардҳо ҷои 9-умро ишғол намуд.