Пешгӯии коршиносон дар бораи коҳиши даромади деҳқонони тоҷик

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пешоруйи тағйирёбии иқлими сайёра аз ҳама бештар дар меҳвари заъфият қарор доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пешоруйи тағйирёбии иқлими сайёра аз ҳама бештар дар меҳвари заъфият қарор доранд, хабар медиҳад EurAsia Daily

Раҳмон афсурдагии Тускро аз дидани Сарез дар суханрониаш тасдиқ кард

Баланд шудани дамои ҳаво, обшавии барзиёди пиряхҳо, коҳиш ёфтани захираҳои обӣ, рух додани офатҳои табии аз қабили хушксолӣ ва обхезиҳо худ далели гуфтаҳои боло ҳастанд. Ҳамаи ин таҳаввулот ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ зарбаи сахт мезанад, мегӯянд таҳлилгарони бонк.

Дар миёнаҳои асри XX ҳарорати ҳаво дар қисмати ҷанубии Осиёи Марказӣ ба 0,5 дараҷа ва дар қисмати шимолӣ бошад ба 1,6 дараҷа гармӣ баланд шуд.

Доналд Туск дар Сарез зиқ шуд: ӯ гуфт, сатҳи об боло рафта истодааст - аксҳо

Ба амал омадани чунин тағйирот ба обшавии бармаҳали пиряхҳо оварда расонд, ки дар натиҷа масоҳати онҳо ба андозаи се маротиба коҳиш ёфтанд.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ хисорат аз тағйирёбии иқлими сайёраро ба иқтисоди кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳисоб намуда онро ба андозаи аз 0,4 то 1,3 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии солонаи ин кишварҳо арзёбӣ намуданд.

Омили аслии заъфияти ин минтақаҳо ҳангоми тағйир ёфтани иқлими сайёра дар он аст, ки даромади асосии ин кишварҳо маҳз аз захираҳои табиӣ иборат аст.

"Дар Тоҷикистон аз 30 то 60 фисади даромади аҳолӣ аз ҳисоби хоҷагии деҳқонӣ аст. Аммо бо тағйир ёфтани иқлим коҳиши 30 дарсади даромади аҳолӣ пешбинӣ мешавад",-омадааст дар гузориш.

Дар Қазоқистон бошад 66 фисади заминҳо дар ҳолати хушкшавӣ қарор доранд. Мувофиқи пешгӯиҳо, ҳосил аз ғалладонагӣ дар Қазоқистон дар соли 2030 ба андозаи 37 фисад ва соли 2050 то 48 дарсад коҳиш меёбад.