Раиси шаҳри Хоруғ ба пешвози духтарони қаҳрамон баромад - акс

Намояндагони ҳукумати ВМКБ ба пешвози "қаҳрамонон" - духтарони волейболбоз баромаданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Рӯзи 28 июн, соати 15:00 дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ маросими истиқболи варзишгароне, ки дар мусобиқаи Ҷоми Пойтахт - 2019, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, доир гардид.

Дар маросими истиқбол, муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода, раиси Хоруғ Кишвар Шамирӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилоят Сураҷ Чоршанбиев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ Имомёрбек Имомёрбеков намояндагони ВАО ва мухлисону ҳаводорон ширкат карданд.

Ба гузориши Кумитаи кор бо ҷавонони ВМКБ ҳозирин дорандагони медалҳои тиллоро табрик гуфта, ба онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда муваффақият хостанд.

 

Ёдовар мешавем, ки аз 19 то 25 июни соли равон ба муносибати "Рӯзи Ваҳдат"-и миллӣ дар шаҳри Душанбе байни бонувон мусобиқаи кушод оид ба волейболи касбӣ барои дарёфти "Ҷоми пойтахт-2019" баргузор гардид. 

Дар даври ниҳоӣ ду даста — волейболбозони ВМКБ ва шаҳри Душанбе-1 байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волейболбозони ВМКБ бо ҳисоби 3:1 дастаи Душанбе-1-ро мағлуб намуда, сазовори "Ҷоми пойтахт-2019" ва 20 ҳазор сомонӣ мукофот гардиданд.

Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам

Ҷои дуюм насиби дастаи Душанбе-1 гардид, ки онҳо соҳиби медали нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ шуданд. Ҷои сеюмро дастаи дигари волейболбозони ВМКБ бо шикаст додани дастаи Душанбе-2 ба даст оварда, сазовори нишони биринҷӣ ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот гардид.

Ба ғолибони мусобиқаи мазкур Ҷом, медал ва мукофотҳои пули тақдим карда шуд. 

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 11 дастаи волейболбозон, аз ҷумла 4 даста аз шаҳри Душанбе, 2 дастаӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, 1 даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок ва байни ҳам рақобат карданд.