ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар 5 моҳи гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 32,6 миллион тонна коло таробарӣ ва ё ҳамлу нақд шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Манбаъ афзудааст, ки ин ҳаҷм дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 5,6 дарсад афзойишро нишон медиҳад.
Бино ба иттилоъи ожонси омори кишвар, дар ин муддат аз тариқи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион тонна коло таробарӣ ва ё ҳамлу нақл гардид. Ҳаҷми таробарӣ аз тариқи роҳи оҳан дар муқойиса бо 5 моҳи аввали соли гузашта 0,8 дарсад рушд карда будааст.
Худравҳо беш аз 30,4 миллион тонна коло таробарӣ карданд. Таробарии худравҳо дар муқойиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 6 дарсад афзойиш ёфт.
Саҳми худравҳо 93,4 дарсади таробарии колоҳоро ташкил додааст.