Гимнастбозони навраси тоҷик дар шаҳри Тошканд сазовори 5 медал шуданд

Рӯзи 21-23 июн дар шаҳри Тошканди Узбакистон Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ доир ба гимнастикаи бадеӣ миёни наврасон “YOUTH CUP-2019” баргузор шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik.  Гимнастбозони навраси Тоҷикистон дар ин мусобиқа сазовори 5 медал – 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Варзишкорони тоҷик дар Тошканд соҳиби 5 медали тилло гардиданд

Бино бар иттилои манбаъ, Даря Галчанская, соли таваллудаш 2010 ва Баҳор Мухакова, соли таваллудаш 2007 дар синну соли худ дар машғулиятҳо бо ҳалқа сазовори медали нуқра ва дар машғулиятҳои инфиродии чандҳарба сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Медали дигари биринҷиро Жасмина Нурматова, соли таваллудаш 2011 дар машғулияти инфиродии чандҳарба ба даст овард.

Гимнастбозон шогирдони мураббиён Виолетта Шин ва Миҷгона Шарипова мебошанд ва дар Мактаби захираҳои олимпии №1-и шаҳри Душанбе омӯзиш мебинанд.