ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, тайи 5 моҳи гузашта дар кишвар ҳудуди 32,6 миллион тонна коло таробарӣ шуд, гузориш додааст хабаргузории ТоҷикТа.
Манбаъ афзуд, ки ин ҳаҷм дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 5,6 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Бино ба иттилоъи ожонси омори кишвар, дар ин муддат аз тариқи роҳи оҳани ҶТ беш аз 2,1 миллион тонна коло таробарӣ гардид.
“Ҳаҷми таробарӣ аз тариқи роҳи оҳан дар муқойиса бо 5 моҳи аввали соли гузашта 0,8 дарсад рушд кард”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ илова намуд, ки худравҳо беш аз 30,4 миллион тонна коло таробарӣ карданд. Таробарии худравҳо дар муқойиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 6 дарсад афзойиш ёфтааст ва дар ҳаҷми умумӣ 93,4 дарсади таробарии колоҳо саҳми худравҳо мебошанд.