ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Рӯзи 11 июли соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, ки дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасиву ҷонибдорӣ менамоянд.
“Инчунин дар иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” ва як қатор қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст”, -афзуд манбаъ.