Хотирашонро пос медорем: дар Душанбе аз қаҳрамонони ҶБВ ёд карданд-аксҳо

Sputnik

Дар Душанбе рӯзи 22-июн бо ширкати сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, раҳбари Россотрудничества Михаил Вождаев, таърихшиноси тоҷик Ғафур Шерматов, низомиёни пойгоҳи 201-ум ва дигар ашхоси хоҳишманд дар оромгоҳи насрониҳо ҳашар баргузор шуд.

22 июн- оғози ҶБВ: навор аз лаҳзаҳои ҷанг

Мардуми ҷаъомада гирду атрофи оромгоҳро аз хасу хошок тоза карда панҷараҳои рангпаридаро ранг карданд.

Рӯзи 22 июн дар собиқ кишварҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи ҳузнангез аст. Ин рӯз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки қисме аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аст, гуфта мешавад
Рӯзи 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ бе эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард.

Нафаре аз аҳолии чандмиллионаи 15 кишвари иттиҳод хабар надошт, ки Олмон ҷангро маҳз дар ҳамин рӯз сар мекунад, ки хисороти ҷониву молии бесобиқа дошт.

Ҳамасола дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи поси хотири ҳалокшудагони ҶБВ чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад.

1 / 10
Дар оромгоҳи насрониҳо дар Душанбе дар Рӯзи поси хотир, ҳашар баргузор шуд.
2 / 10
Ин ҳашар аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон баргузор карда шуд.
3 / 10
Дар ҳашар сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, раҳбари Россотрудничества Михаил Вождаев, таърихшиноси тоҷик Ғафур Шерматов, низомиёни пойгоҳи 201-ум ва дигар ашхоси хоҳишманд ширкат карданд.

4 / 10
Иштирокчиёни ҳашар хасу хошоки гиду атрофи оромгоҳро тоза карданду панҷараҳои рангпаридаро аз сар ранг карданд.
5 / 10
Расо 78 сол пеш, рӯзи 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ бе эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард.
6 / 10
Дарх рӯзи аввали ҷанг ҳазорҳо афсарони Артиши сурх ва мардуми осоишта ҳалок шуданд.
7 / 10
Нафаре аз аҳолии чандмиллионаи 15 кишвари иттиҳод хабар надошт, ки Олмон ҷангро маҳз дар ҳамин рӯз сар мекунад, ки хисороти ҷониву молии бесобиқа дошт.

8 / 10
Рӯзи поси хотир дар Душанбе.
9 / 10
Ҳамасола рӯзи 22 июн дар тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун Рӯзи поси хотир таҷлил мешавад.
10 / 10
Ҳамасола дар оромгоҳи насрониҳо дар Душанбе ба муносибати Рӯзи поси хотир, ҳашар баргузор мешавад.