Давоми 10 сол Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор маводи гуногуни таркандаро безарар гардондааст

Аз соли 2009 то имрӯз 3 ҳазор километри мураббаи хоки Тоҷикистон аз минаҳо поксозӣ карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми 10 соли гузашта маҳви зиёда аз 16 ҳазор минаи зиддипиёдагард ва 3 ҳазор маводи гуногуни тарканда пайдо ва безарар гардонида шудааст, таъкид намудааст Сардори Раёсати қӯшунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Саёрабек Бачабекзода дар шаҳри Вена дар ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC).

Бархӯрди ду шикорчии ҷавони тоҷик ба мина дар марз бо Афғонистон

Ба гуфтаи вай, аз соли 2009 то имрӯз беш 3 ҳазор км мураббаи хоки тоҷикистон аз минаҳо поккорӣ шудааст.

Генерал-майор Бачабекзода ба саҳми САҲА дар татбиқи Барномаи давлатии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид кард, ки аз соли 2009 то имрӯз ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва САҲА натиҷаҳои назаррас додаанд.

“Масалан, таъсиси ротаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба поксозии 3 ҳазор км мураббаъ аз минаҳо, маҳви зиёда аз 16 ҳазор минаи зиддипиёдагард ва 3 ҳазор маводди гуногуни тарканда мусоидат кардааст”, - гуфт вай.

Инфиҷор дар Петербург: дар академияи низомӣ мина таркид

Инчунин, зимни ҷаласа тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати тавсеаи фаъолият дар ин раванд Стратегияи миллии Тоҷикистон доир ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо мавриди татбиқ қарор дода шудааст.

Охирин монеа: оғози поксозии минаҳо аз миёни Узбакистону Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки 19 июни соли равон дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) доир гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардида, ба барномаҳои марбут ба мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳиммоти муқаррарӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.

Тавре сомонаи расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, дар ҳамоиш генерал-майор Саёрабек Бачабекзода, ба ҳайси суханвари калидӣ, роҷеъ ба барномаҳои марбут ба маҳви захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ, нигаҳдории онҳо, инчунин лоиҳаҳои безараргардонии башардустонаи минаҳо дар Тоҷикистон гузориш ироа кард.