Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Ҳодисаи нохуш субҳи 17 июн дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан рух додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуши дигар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ хабар додааст, ки дар пайи он зани 79-солае ба ҳалокат расидааст.

Се садамаи маргбор дар 1 рӯз дар роҳи Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 17 июн, тахминан соатҳои 07:30 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи "БМВ" Умедҷон Мавлонови 39-сола, сокини ноҳияи Деваштич аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.

Дар пайи садама, мутаассифона, модари ронанда Ҳоҷиева Шаҳодат, зани 79-сола, сокини ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расидааст.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Мошин чаппа шуд ва ронанда ҳалок гашт: тафсилоти садама маргбор дар роҳи "Душанбе-Чаноқ"

Ин садамаи маргбор дар ягона шоҳроҳе, ки ҷануби Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, дар ҳолест, ки аввалҳои моҳи июн дар ҳамин роҳ дар ҳудуди ноҳияи Спитамен дар пайи бархурди се худрав се ҷавон ба ҳалокат расида буданд.

БДА Тоҷикистон пайваста ҳушдор медиҳад, ки ронандаҳо ҳангоми ҳаракат дар ин роҳи пурхатар ҳушёру эҳтиёткор бошанд.