Раиси ВМКБ: Ваҳдати миллӣ муқаддас аст, бояд дар сатҳи баланд таҷлил шавад

Мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз баргузории ҷаласаи назоратӣ таҳти раёсати раиси вилоят Ёдгор Файзов хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии ВМКБ, дар ҷаласа ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҷашни Ваҳдати миллӣ ва тайёрӣ ба рӯйхатгирии аҳолӣ баррасӣ шуданд.

Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Рашт баргузор мегардад

Манбаъ афзуд, дар бораи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода гузориш дод.Дар бораи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон барои тайёрӣ ба руйхатгирии аҳолию фонди манзил, сардори сарраёсати омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилоят Шоисматулов Комил ҳисобот дод.

Ёдгор Файзов дар навбати худ аз ҳозирин даъват кардааст, ки дар татбиқи қарорҳои Ҳукумат ва фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷиддӣ ва ҳамаи идораву муассисаҳои вилоят саҳмгузор бошанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Файзов аз ҷумла таъкид намудааст, ҷашни 22-солагии Ваҳдати миллӣ, ки барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас мебошад, бояд дар сатҳи баланд гузаронида шавад.