Барои ширкат дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои узв — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ҷумҳурии Узбакистон, Шри-Ланка ҷамъ омаданд.
Ҳамчунин роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Индонезия, Филиппин, Белорус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.
Эмомалӣ Раҳмон мизбони ин ҳамоиши сатҳи баланд сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо — Раиси Иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, сарвазири Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, сарвазири Камбоҷа Хун Сен, ноиби президенти Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, президенти Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, президенти Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, ммири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев, президенти Русия Владимир Путин, раиси Чин Си Ҷинпин, ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи оламро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Маросими аксбардории роҳбари кишвари мизбон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлат ва ҳайатҳо дар толорҳои “Дидор” ва “Аржанг” сурат гирифт.
Макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё толори пурнақшу нигори “Зарандуд” интихоб гардид.
Эмомалӣ Раҳмон кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки ин навбат таҳти раёсати Тоҷикистон сурат мегирад, ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Мавриди зикр аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиш пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардид.
Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ, хабарнигорони рӯзномаву маҷаллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ ва дигар агентиҳои иттилоотӣ инъикос мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё — МҲТБО, анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.
Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.
Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.
Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.
Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.