Ҷихати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои увзи Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони давлатҳои увз ва ташкилоҳои назорати ба Бишкек сафар карданд.
Дар фурудгоҳи"Манас" ба пешвози роҳбарони баландмақоми давлатҳои узви ин созмон аъзоёни ҳукумати Қиргизистон баромаданд. Дар умум дар пойтахти Қирғистон даҳ президенти кишварҳои узв ва ду сарвазир меҳмон гаштанд.
Sputnik Қирғизистон дар бораи ҳавопаймоҳое гузориш омода кардааст, ки бо он сарони кишварҳо вориди Бишкек шуданд.
Тавре маълум гардид, аз ҳама маъмултарин тайёра, ки роҳбарони давлатро интиқол медод, ин тамғаи Boeing будааст.
Лекин раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳавопаймои Ил-96 ва роҳбарони Эрону Қазоқистон бо тайёраи тамғаи Airbus ба фурудгоҳ фуруд омаданд.
Шаби гузаштаи 13 уми июн ба Бишкек сарони давлатҳо ва сарвазирони узви созмони ҳамкории Шанхай аз қабили Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Хитой, Русияву Узбекистон ва хамчунин давлатхои нозир - Афғонистон, Белорус ва Муғулистон ташриф оварданд.
Нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, таҳти роҳбарии хукумати Қирқизистон имрӯз дар Бишкек ба кори худ шурӯъ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Путин, Руҳонӣ, Мирзиёев ва президентҳои дигар ба Бишкек мераванд
Санади асосии ки дар фарҷоми нишасти мазкур ба имзо мерасад, ин Эъломияи Бишкек хоҳад буд. Дар санади мазкур дурнамои рушди минбаъдаи кори ин созмон инъикос меёбад.
Диққати асосӣ ба вазифаҳои роҳбарони давлатҳои узв ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ равона хоҳад шуд.