Дар Истаравшан зани ҷавонеро ҳангоми киштукор ба қатл расониданд

Ба гумони куштори зани 22-сола дар шаҳри Истаравшан ҷавони 25-солае боздошт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Зани 22-солаеро дар Истаравшан ҳангоми ба корҳои саҳроӣ машғул буданаш ба қатл расониданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Марде дар Хуҷанд ба иттиҳоми куштор дастгир шудааст

Бино бар иттилои манбаъ, ба гумони куштори зани ҷавон марди 25-солаи сокини деҳаи Зарнисори шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. 

"Номбурда, рӯзи 12-уми июни соли 2019, тахминан соати 08:00, дар заминҳои хоҷагии деҳқонии "Ҷ.Мирамин", воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ясии ҷамоати деҳоти Гули Сурх бо зани 22-солаи сокини деҳаи Ясси, ки бо корҳои хоҷагӣ машғул буд, ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади ба қатл расонидан, ӯро бо дастонаш буғӣ кардаааст", - менависад ВУД Тоҷикистон.

 Дар натиҷа зан ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.